Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 11-уми март дар хабарномае навишт, ки сокини 36 солаи шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли гузашта, бо роҳи фиреб ва ваъдаи кори сердаромад зани 33 солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ба Дубай бурдааст.
Аммо ба гуфтаи мақомот дар он ҷо зан ба ҷойи кор ба истисмори ҷинсӣ ё танфурушӣ маҷбур шудааст. Дар робита ба ин қазия алайҳи сокини Душанбе бар асоси моддаи 130 ё одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Қонун барои ин амал аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мавқеи зани гумонбар ва пайвандонаш дар робита ба ин қазия маълум нест.
Моҳи ноябри соли 2025 ҳам мақомоти интизомӣ аз боздошти ду зан бо гумони ҷалби духтарон ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар хабар дода буданд. Ба гуфтаи мақомот ин занҳо, ки яке 37 ва дигари 46 сола будаанд, бо истифода аз тангдастии ҷавонзане ва бо ваъдаи кори хуб ӯро ба Русия бурда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.
Бино ба иттилои расмӣ соли 2025 дар кишвар 177 ҳолати савдои одамон ошкор ва зидди 73 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.