Даҳ кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд

Акс аз бойгонӣ

Даҳ кӯдаки бемори тоҷикро барои ҷарроҳии дил ба Чин мебаранд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 12-уми март хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, кӯдакон, ки аз нуқси модарзодии дил ранҷ мекашанд, дар Чин ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Дар ин сафар яке аз волидон ҳам онҳоро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ба навиштаи манбаъ, ин тасмим дар мулоқоти масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо сафири Чин дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Сафари кӯдакони бемор ва ҷарроҳии онҳо дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Вазорат мегӯяд, дар раванди ҷарроҳии кӯдакон табибони тоҷик ҳам ширкат хоҳанд кард. Онҳо ҳам бо мақсади аз худ кардани таҷрибаи мутахассисони чинӣ ба Чин мераванд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳадафи асосӣ роҳандозӣ ва истифода аз усулҳои нави табобат дар Тоҷикистон аст.