Идомаи ҳамлаҳои Эрон ба Исроил. Садои таркишҳо дар Теҳрону Табрез

Як мушаки партобшуда аз Эрон дар фазои Исроил. 11-уми марти 2026

Бо оғози рӯзи дувоздаҳум аз ҳамлаи Амрикову Исроил алайҳи Эрон, тарафҳо аз мавҷи ҳамлаҳои нав ба зидди якдигар хабар медиҳанд.

Ҷумҳурии Исломӣ субҳи чаҳоршанбе ҳамлаҳои навро дар минтақа анҷом дод, аз ҷумла партоби мушак ба сӯи Исроил ва фиристодани паҳподҳое ба сӯи як майдони нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, ки Риёз мегӯяд, онҳоро раҳгирӣ кардааст.

Хабаргузории "Франс Пресс" аз шунидани шудани садои бонги хатар ва таркишҳо дар Байтулмуқаддас хабар дод. Агарчӣ Шабакаи 12-и телевизиони Исроил эълон кард, ки чандин нафар дар Телавив захмӣ шудаанд, созмонҳои имдодрасон аз осебҳои фаврӣ гузорише надоданд.

Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки ба Баҳрайн ва Курдистони Ироқ низ партобҳо анҷом додааст, ки ҳар ду маҳали ҳузури густурдаи нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ эълон кард, ки паҳподҳо ва мушакҳои баллистикӣ дар субҳи чаҳоршанбе дар саросари Халиҷи Форс раҳгирӣ шуданд, аз ҷумла, ду паҳпод, ки ба тарафи як майдони нафтӣ дар Арабистони Саудӣ дар ҳаракат буданд.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ рӯзи чоршанбе дар шабакаи "Х" ҳамчунин навишт, "шаш мушаки баллистикӣ, ки ба самти пойгоҳи ҳавоии Шоҳзода Султон партоб шуда буданд, раҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд".

Ин вазорат дар як паёми дигар дар шабакаи "Х" навишт, ки як мушаки баллистикии дигарро, ки "ба тарафи минтақаи шарқӣ партоб шуда буд", раҳгирӣ ва аз байн бурдааст.

Пеш аз ин, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон, дар паёме ба забони англисӣ дар шабакаи "Х" навишт, "мо қатъан ба дунболи оташбас нестем" ва хоҳони "дарс додан ба таҷовузгар" шуд.

Эрон талош кардааст, бо ҳамла ба шаҳрҳои пешрафтаи Халиҷи Форс, аз ҷумла, фурудгоҳҳои муҷаллал ва марказҳои тавлиди энержии онҳо, ба иқтисоди ҷаҳон фишор биорад.

Як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, ки калонтарин полоишгоҳи нафти Имороти Муттаҳидаи Араб дар Ар-Рувайс рӯзи 10-уми март ҳамчун иқдоми пешгирона пас аз ҳамлаи паҳподӣ ба маҷмаи саноатии маҳали он, ки боиси оташсӯзӣ шуд, баста шуд.

Амин Носир, мудири ширкати Aramco ба хабарнигорон гуфт, "ҳарчи ин бӯҳрон давомдор шавад, пайомадҳои фоҷеаборе барои бозорҳои нафти ҷаҳон ва оқибатҳои сахттаре барои иқтисоди ҷаҳон хоҳад дошт. Бисёр муҳим аст, ки киштиронӣ дар оброҳа ё тангаи Ҳурмуз аз сар гирифта шавад".

Аз сӯи дигар, як паҳпод рӯзи 10-уми март ба маркази пуштибонии дипломатии Амрико дар наздикии Фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ бархӯрд, аммо ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, касе дар ин ҳамла захмӣ нашуд. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", гуфта мешавад, ки ин ҳамла эҳтимол аз сӯи гурӯҳи "Муқовимати исломӣ дар Ироқ" анҷом шудааст.

Ҳамзамон, Амрико эълон кард 16 шиновари мингузори Эронро дар наздикии тангаи Ҳурмуз аз байн бурдааст ва Исроил низ ҳамлаҳои наве ба Теҳрон ва ҷануби Бейрут анҷом додааст.

Артиши Исроил шоми сешанбе эълон кард, мавҷи наве аз ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи чанд ҳадаф дар Теҳрон оғоз кардааст ва сипас эълон намуд, ки дар ҳамлаҳои ҳамзамон дар Теҳрон ва Табрез чандин маркази амниятӣ ва низомии Ҷумҳурии исломии Эронро ҳадаф қарор додааст.

Субҳи чаҳоршанбе тасвирҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки ҳамла ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳронро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи телеграмканали артиши Исроил, аз ҷумла, ба қароргоҳҳои воҳидҳои вижа дар Табрез, маҷмаи низомии Сипоҳ дар Теҳрон, қароргоҳи воҳидҳои амниятии масъули партоби мушакҳои баллистикӣ, қароргоҳи пулис ва амнияти умумӣ дар Мароға ва як муҷтамаи нерӯҳои басиҷ дар Табрез, ҳамлаҳо сурат гирифт.

Артиши Исроил ҳамчунин навишт, ки "бахши калоне аз зерсохтҳо"-и нерӯҳои амниятӣ ва басиҷро дар вилояти Илом низ дар ин ҳамлаҳо нобуд кардаст.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ наметавонад мустақилона ин гузоришҳоро тасдиқ кунад.

Бӯҳрони нав дар Ховари Миёна рӯзи 28-уми феврал бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон, оғоз шуд. Дар рӯзи аввали ҳамла раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва чанд тан аз фармондеҳон баландпояи Ҷумҳурии исломӣ кушта шуданд.