Узбекистон 25 ҳазор шаҳрвандашро аз Ховари Миёна берун овард

Фурудгоҳи Ташкент. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки то 10-уми март беш аз 25 ҳазор шаҳрванди ин кишварро аз Ховари Миёна баргардонидаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, зиёда аз 21 ҳазор нафар аз Арабистони Саудӣ, беш аз 3 ҳазор кас аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, 47 нафар аз Эрон ва 344 кас аз Қатару 28 нафар аз Баҳрайну Умон берун оварда шуданд.

Бозгардонидани шаҳрвандони Узбекистон тариқи кишварҳое сурат гирифтаст, ки ҳарими ҳавоияшон боз буд.

Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ва зарбаҳои ҷавобии Теҳрон, парвозҳои мунтазам ба Баҳрайну Кувайт, Сурияву Ироқ ва Эрону Қатару Исроил номумкин шуд. Барои овардани шаҳрвандони бандмонда, кишварҳои Осиёи Марказӣ парвозҳои махсус ё чартерӣ ба роҳ монданд.

Дар ин муддат садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз Эрону кишварҳои арабӣ ба ватан оварда шуданд.

Мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки аз 10-уми март парвозҳои рафту бозгашт ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб имконпазир шудааст ва ҳавопаймоҳо метавонанд бо риояи талаботи бехатарӣ парвоз анҷом диҳанд.