Иштироки муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Тайланд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни муштзанҳои то 19-сола, ки рӯзҳои 8-15-уми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар ин мусобиқа ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар даҳ муштзани ҷавон (8 писар ва 2 духтар) дохиланд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Аъзамҷон Ҳасанов (-50 кг), Аъзам Одилзода (-55 кг), Амирбек Маҳрамов (-60 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (-65 кг), Муҳаммад Мамадалиев (-70 кг), Исфандиёр Ҳошимов (-75 кг), Хуҷамуъминҷон Холов (-80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (-85 кг); дар сабқати занон Фариноз Абдуллоева (-54 кг) ва Мино Аъзамзода (-60 кг) муаррифӣ менамоянд.

Муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқа зери раҳбарии мураббиёнашон Рустам Музаффаров, Асомиддин Бурҳонов, Хуршед Абдуллоев ва Ҳасан Мусоев ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни муштзанҳои то 19-сола дар Бангкок иштироки ҳудуди 500 варзишгар аз 85 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Бояд зикр намуд, ки ин аввалин иштироки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқот таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии бокс (World Boxing) мебошад.

Ёдовар мешавем, моҳи декабри соли гузашта Кумитаи иҷроияи Созмони ҷаҳонии бокс рӯйхати федератсияҳои миллиро, ки мақоми аъзои пешакӣ маъқулшудаи ин созмонро гирифтаанд, тасдиқ карда буд. Ба ин рӯйхат Федератсияи бокси Тоҷикистон низ шомил шуд, ки ба гуфтаи коршиносон қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии комили кишвар ба сохтори "World Boxing" маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҷаҳонии бокс 124 федератсияи миллиро муттаҳид месозад, ки аз ҷониби Конгресс эътироф шудааст. Аз ин миқдор 123 федератсия мақоми узви комилҳуқуқ ва ҳаққи овоз дар Конгресси соли 2026-ро доранд. Ягона узви вобаста "GB Boxing" боқӣ мемонад, ки Британияи Кабирро дар мусобиқаҳо намояндагӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳоло дар зинаи минбаъда, яъне дар қатори федератсияҳое қарор дорад, ки аризаҳои онҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроия пазируфта шуда, бояд ҳоло аз расмияти тасдиқ гузаранд. Узвияти ниҳоии онҳо ба созмон танҳо пас аз тасдиқи Конгресс дар соли 2026 имконпазир аст.

Дар сурати қабули қарори мусбат, Федератсияи бокси Тоҷикистон ба мақоми узви комилҳуқуқ ва ҳаққи овоздиҳӣ аллакай дар Конгресси соли 2027 ва солҳои минбаъда соҳиб мешавад. Худи далели ба рӯйхати федератсияҳои эътирофшуда шомил гардидан маънои онро дорад, ки кишвар ба талаботи калидии "World Boxing" ҷавобгӯ аст.

Низоми шаффофи идоракунӣ, интихоби демократии раҳбарият, мавҷуд будани барномаҳои зиддидопингӣ, ки аз ҷониби WADA эътироф шудаанд, инчунин механизмҳои дақиқ роҳандозишудаи ҳаллу фасли баҳс ва арзу шикоятҳо, аз ҷумлаи ин талабот шуморида мешаванд.

Созмони ҷаҳонии бокс ба сифати сохтори ҷойгузини идоракунии бокси ҷаҳонӣ таъсис ёфта, мавқеи фарогирии ҷуғрофии он босуръат меафзояд. Агар дар Конгресси якум дар моҳи ноябри соли 2023 ба сафи он ҳамагӣ 27 кишвар шомил буд, пас дар моҳи январи соли 2025 шумори онҳо ба 60 адад ва то охири соли гузашта ба 124 адад зиёд шуд.

Пас аз қабули усули “як кишвар - як овоз” созмон ба масоили баробарӣ ва шаффофияти раванди қабули қарор таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамчунин узвияти эҳтимолии Тоҷикистон ба "World Boxing" бо мақоми узви комилҳуқуқ дурнамоҳои навро боз мекунад: иштирок дар ташкили рӯзномаи байналмилалӣ, ҳимоя аз манфиатҳои муштзанҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар бокси ҷаҳонӣ миёни дӯстдорон.