Вашингтон: Маскав дар ҳамла ба пойгоҳҳои ИМА ба Теҳрон кӯмак мерасонад

Мақомоти ИМА тасдиқ карданд, ки Русия ба Эрон дар бораи макони ҷойгиршавии низомиён ва иншооти ҳарбии Амрико дар Ховари Миёна маълумоти иктишофӣ медиҳад.

Дар ин бора мақомот рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Нашрияи The Washington Post ҳам навиштааст, ки Маскав дар муноқишаҳои минтақа нақши ғайримустақим, вале муҳим дорад.

Хабарҳо дар бораи ин ҳамкориҳои низомӣ дар ҳоле расонаӣ шудааст, ки муносибати Амрико ва Русия дар як марҳилаи ҳассос қарор дорад. Талошҳои Вашингтон барои поён додани ҷанг дар Украина ба далели сарпечии Кремл то ҳол ба натиҷаи чашмрас нарасидааст.

“The Washington Post” бо такя ба се манбаи наздик ба мақомоти иктишофӣ хабар додааст, ки Маскав ба Теҳрон дар бораи ҷойи дақиқи ҷойгиршавии пойгоҳҳои низомӣ, аз ҷумла киштиву ҳавопаймоҳои ҷангӣ иттилоъ додааст. Ба навиштаи расона, ин ҳамкорӣ рӯзи 28-уми феврал, пас аз ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шудааст.

Мақомоти Амрико, дар бораи бо чӣ роҳ пешниҳод ва дастрас шудани маълумоти махфӣ ҷузъиёти бештар надодаанд.

Русия ва Эрон равобити деринаи низомӣ, сиёсӣ ва дипломатӣ доранд. Шумори зиёди бесарнишин ё дронҳои “Шаҳед”-ро, ки низомиёни Русия дар ҳамла ба шаҳру зерсохторҳои Украина истифода мекунанд, Теҳрон ба Маскав пешниҳод кардааст. Ҳоло Русия бо истифода аз дастгоҳҳои эронӣ ин бесарнишинҳоро дар хоки худ истеҳсол мекунад.

Сафорати Русия дар Вашингтон хабари пешниҳоди маълумоти иктишофӣ ба Эронро шарҳ надод. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Русия ошкорро хостори поёни ин ҷанг шуда, онро "амалиёти таҷовузкоронаву низомии беасос" алайҳи Эрон номиданд. Кремл рӯзи 6-уми март аз тамоси телефонии Владимир Путин бо раиси ҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён хабар дод. Дар ин мулоқот ҳам ӯ “ба қатъи фаврии амалиёти ҷангӣ” даъват кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, Эрон ба марказҳои фармондеҳӣ ва дигар иншооту зерсохторҳои низомии Амрико зарбаҳои дақиқ мезанад. Ба гуфтаи Дара Масикот, коршиноси Бунёди Карнеги, ҳадафрас будани ҳамлаҳо ҳам натиҷаи истифода аз маълумоти дақиқи иктишофӣ аст.

Ба таъкиди коршиносон, Эрон танҳо чанд моҳвораи низомӣ дорад ва маҳз маълумоти ба даст омада аз тариқи пойгоҳҳои назорати кайҳонии, Русия зарбаҳои Эронро нишонрас кардааст.