Нерӯи барқ дар саросари Ироқ қатъ шудааст

Фурудгоҳи Арбил дар Курдистони Ироқ пас аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон

Вазорати нерӯи барқи Ироқ аз қатъи пурраи интиқоли барқ дар саросари кишвар хабар дод.

Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ба таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса шуруъ кардаанд, вале ҳоло маълум нест, ки хонаҳои мардум кай рӯшан хоҳад шуд.

Хабаргузории расмии Ироқ (INA) бо такя ба мақомоти бахши энержӣ гуфтанд, камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо ва ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ сабаби бебарқӣ дар кишвар шудааст.

Пештар аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арбил, маркази Курдистони Ироқ хабар дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол артиши Исроил аз ҳамлаи густарда ба як маҷмааи низомӣ дар Теҳрон хабар дод, ки ба навиштаи пойгоҳи Axios дар он "тамоми сохторҳои қудратии Эрон" ҷойгир шуда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти низомии Исроил, дар ин амалиёт марказҳои фармондеҳии ҳафт ниҳоди калидӣ, аз ҷумла қароргоҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯҳои басиҷ аз байн бурда шудааст. Шумори кушташудаҳо маълум нест.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Дар посух Теҳрон ба чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд ва низ Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.