Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 5-уми март ба Душанбе расид.
Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз баъзе фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.
Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Ҳадаф, ба гуфтаи мақомот, овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки хоҳишмандони бозгашт бояд барои сабти ном ба намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.
Давоми рӯзҳои охир садҳо зоири тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурданд ва парвозҳои онҳо ба таъхир афтода буд, тавассути ширкати "Сомон Эйр" аз масири Ҷидда-Анқара ва Ҷидда-Истанбул ба Тоҷикистон расиданд.
Аз ин пештар ширкати "Сомон Эйр" аз қатъи муваққатии парвозҳои мунтазам ба Теҳрон ва Дубай хабар дода буд.
Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.
Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бо убури марз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.