Дар даргириҳои марзӣ байни нерӯҳои ҳукумати "Толибон" (Афғонистон) ва артиши Покистон ҳар ду тараф иддао доранд, ки ба тарафи муқобил талафоти сахт ворид кардаанд.
Нерӯҳои ҳукумати "Толибон" шаби гузашта ба минтақаҳои марзии Покистон ҳамла карданд ва тибқи хабарҳои расмӣ, Исломобод дар вокуниш чанд пойгоҳи низомиро дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё ҳадаф қарор дод.
Ҳукумати "Толибон" шомгоҳи 26-уми феврал эълон кард, ки дар ҷавоб ба ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи 22-юми феврал ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактико, аз чанд самт ба вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон, ҳамлаҳо анҷом дод.
Ин ҳамлаҳои "Толибон" соати тақрибан 20:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, ба гуфтаи Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати Афғонистон, дар марз бо вилоятҳои Пактико, Пактиё, Хуст, Кунар, Нуристон ва Нангарҳор ва дар минтақаи Турхам дар он сӯи марз 55 сарбози покистониро куштанд.
Нерӯҳои покистонӣ дар минтақаи Чаман ҳаммарз бо вилояти Қандаҳори Афғонистон.
Ӯ дар шабакаи "Х" навишт, ки нерӯҳои ҳукумати "Толибон" як пойгоҳ ва 19 постгоҳи нерӯҳои покистониро ба тасарруфи худ дароварданд. Ҳамдуллоҳ Фитрат афзуд, 23 ҷасади нерӯҳои покистонӣ дар ихтиёри онҳост ва шуморе аз сарбозонро ҳам ба асорат гирифтаанд.
Ҷониби Покистон ин иддаои Толибонро рад карда ва гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои ин кишвар 133 нерӯи низомии "Толибон" кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд.
Манбаъҳои мустақил то кунун дар бораи даргирии шаби гузашта миёни низомиёни Покистон ва нерӯҳои ҳукумати "Толибон" чизе нагуфтаанд ва Радиои Озодӣ низ наметавонад ин иддаоро мустақилона тасдиқ кунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати иттилооти Покистон эълом кардааст, ки нерӯҳои "Толибон" ба чандин постгоҳи онҳо ҳамла карда, ба гуфтаи манбаъ, посухи муносиб дарёфт намуданд.
Ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, чанд соат баъд аз ҳамлаи "Толибон", ҳавопаймоҳои ҷангии покистонӣ як пойгоҳи низомиро дар Қандаҳор ҳадаф қарор доданд. Ҳамчунин садои таркишҳо дар шаҳри Кобул шунида шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон" ҳамлаҳои ҳавоии Покистонро ба Кобул, Қандаҳор ва Пактиё тасдиқ кард, аммо гуфт, он хисороте дар пай надоштааст.
Артиши Покистон ҳам ҳамлаҳои ҳавоиро ба Кобул тасдиқ кард ва Мушарраф Зайдӣ, сухангӯи нахуствазири Покистон дар як навиштае дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, "ҳамлаҳои густурда алайҳи ҳадафҳое дар Афғонистон идома меёбад".
Толибон мегӯянд, ки чандин нафар дар ҳамлаи нерӯҳои покистонӣ ба як урдугоҳи паноҳандагон дар наздикии Турхам захмӣ шуданд.
Ин даргирӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки Покистон якшанбеи гузашта вилоятҳои шарқии Афғонистонро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Исломобод гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои Таҳрики Толибони Покистон ва гурӯҳҳои вобаста аз онро ҳадаф қарор додааст. Ҷониби Покистон он замон гуфт, ки далелҳое дар даст дорад, ки Таҳрики Толибони Покистон масъули ҳамлаҳои хунин дар Исломобод, Баҷоур ва Бану мебошад.
Аммо Вазорати дифои Толибон рӯзи 22-юми феврал гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо ғайринизомиён, аз ҷумла, занон ва кӯдакон кушта ва захмӣ шуданд. Вазорати дифои ҳукумати "Толибон" ин ҳамлаҳоро поймоли ҳарими ҳавоии Афғонистон ва нодида гирифтани қонунҳои байнулмилалӣ хонд ва ҳушдор дод, ки дар замони муносиб ба ин ҳамлаҳо "посухи лозим ва санҷида" хоҳад дод.
Дар чанд моҳи охир дар чанд минтақаи Покистон ба низомиён ва ғайринизомиён ҳамлаҳо сурат гирифт ва даҳҳо нафар кушта шуданд. Покистон мегӯянд, ин ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон ва "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ анҷом додаанд.
Танишҳои бештар миёни Исломобод ва Кобул пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои Покистон 9-уми октябри соли гузашта бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи Таҳрики Толибони Покистон ба Кобул ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.
Нерӯҳои низомии ҳукумати Толибон ҳам он замон дар вокуниш ба ҳамлаи Покистон, ба чанд минтақаи ин кишвар ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ду тараф кушта шуданд.
Ҳукумати Покистон мегӯяд, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда, гуфтаанд, аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даргириҳо байни "Толибон"-у Покистон авҷ гирифтаанд