Тақвими бозиҳои мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон-2026 таcдиқ шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) тақвими бозиҳои мусобиқаи 35-уми қаҳрамонии футболи кишвар-2026 байни дастаҳои лигаи олиро, ки аз 6-уми март то 7-уми ноябр баргузор мешавад, тасдиқ кард.

Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Иштироккунандагони мусобиқаи лигаи олӣ (аз рӯйи алифбо):

«Барқчӣ» (Ҳисор)

«Вахш» (Бохтар)

«Истаравшан» (Истаравшан)

«Истиқлол» (Душанбе)

КМВА (Душанбе)

«Парвоз» (Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Сардор» (Турсунзода)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Эсхата» (Хуҷанд)

Даври якум

6-уми март (ҷумъа)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

«Ҳосилот» – КМВА

7-уми март (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Истиқлол» – «Сардор»

«Хуҷанд» – «Эсхата»

8-уми март (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:00

«Парвоз» – «Истаравшан»

«Вахш» – «Барқчӣ»

Лигаи футболи Тоҷикистон ҷадвали бақайдгирӣ ва қабули дархостҳоро барои бозигарони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якум ҷиҳати иштирок дар мавсими соли 2026 тасдиқ кард. Давраи қабули дархостҳо аз 25-уми феврал то 5-уми март давом мекунад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсолаи лигаи олии Тоҷикистон “Истиқлол” ҷойи аввал, “Вахш” ҷойи дуюм ва КМВА ҷойи сеюмро соҳиб шуда буданд.

Мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бо иштироки 16 даста аввали моҳи апрел шуруъ мегардад.

Иштироккунандагони мусобиқаи лигаи якум (аз рӯйи алифбо):

«Душанбе» (Душанбе)

«Исфара» (Исфара)

«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)

«Моҳир» (Ёвон)

«Норак» (Норак)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Рангон» (Рӯдакӣ)

«Рахш» (Восеъ)

«Саразм» (Панҷакент)

«Саройкамар» (Панҷ)

«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

«Сомон» (Данғара)

«Ҳулбук» (Восеъ)

«Ҷиликӯл» (Дӯстӣ)

«Шодмон» (Ҳисор)

«Шоҳмансур» (Душанбе)

Соли гузашта дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон “Парвоз” ҷойи аввал, “Сардор” ҷойи дуюм ва “Душанбе” ҷойи сеюмро ишғол карда буданд.