Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонуни наверо имзо кард, ки ба Хадамоти амнияти дохилии ин кишвар қудрати нав барои қатъи интернет дар дохили кишварро медиҳад. Ин қонун, ки 20 феврал қабул шуд, навтарин қонун аз маҷмӯе аз муқаррарот аст, ки ба шиддат тавоноии мақомотро барои маҳдуд кардани ахбор ва маълумот дар дохили Русия афзоиш медиҳад.
Ин иқдоми нав, ки аввалҳои ин ҳафта аз сӯи вакилони Думаи давлатӣ пазируфта шуд, ба Хадамоти амнияти федеролӣ маъруф ба ФСБ ин қудратро медиҳад, ки аз ироакунандаҳои хадамоти интернетӣ ва телефонҳои ҳамроҳ бихоҳад дар мавридҳое, ки "тавассути қонунҳои назоратии раисҷумҳури Русия муайян шудааст", дастрасиро қатъ ё маҳдуд кунанд.
Ин иқдом ба Путин иҷозат медиҳад, то шахсан тасмим бигирад, ки чӣ вақт иртиботи онлайнӣ дар кишвар ё як минтақаи хос бояд хомӯш шавад, бе онки ниёзе ба пешниҳоди далелу сабаб бошад. Ҳамчунин ҳаргуна масъулиятеро барои ироакунандагони хадамот дар баробари анҷоми ин кор аз байн мебарад.
Дар моҳҳои ахир мақомоти рус бо равишҳое барои пешгирӣ аз вуруди паҳбодҳои украинӣ ба ҳарими ҳавоии Русия, даст ба кор шудаанд.
Мақомот аз ҷумла, шабакаҳои интернетии маҳбуб, ба вижа барномаҳои паёмрасон монанди "Вотсапп" ва "Телеграм"-ро маҳдуд карданд. Ҳар ду барнома ба шиддат масдуд шудаанд, зеро ҳукумат талош мекунад, то русҳоро ба истифодаи як барномаи зери ҳимояти ҳукумат бо номи Max тарғиб кунад. Дар як гузориш омадааст, ки "Телеграм" аз аввали моҳи апрел ба таври комил баста хоҳад шуд.
"Роскомнадзор", ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти фановарӣ дар Русия, "Телеграм"-ро, ки аз сӯи Павел Дуров сохта шудааст ва ҳоло дар табъид ба сар мебарад, ба ифшои маълумоти шахсии шаҳрвандони Русия муттаҳам кард.
Маҳдудиятҳои ҷоришуда бар "Телеграм" боиси вокуниши блогерҳо шудааст, ки аз наздик таҳаввулоти майдонии набарди Русия дар Украинаро дунбол мекунанд ва барои воҳидҳои низомии Русия пул ҷамъоварӣ мекунанд. "Телеграм" ҳамчунин ба таври густурда аз сӯи сарбозони Русия, ки дар хатти ҷанг қарор доранд, истифода мешавад.
Дар як ҳушдори ғайримаъмулӣ, Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 21 феврал дар баёнияе иддао кард, ки ниҳодҳои амниятии Украина қодир ба дастрасӣ ба маълумоти фиристодашуда тавассути сарбозони рус дар "Телеграм" будаанд ва ин амр "борҳо боиси таҳдиди ҷони аъзои ФСБ" дар се моҳи гузашта шудааст.