Идомаи пешсафии Норвегия дар Олимпиадаи зимистона-2026

Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳрҳои Милан ва Кортина-д’Ампетсои Итолиё ҷараён доранд, то рӯзи 20-уми феврал дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Норвегия пешсаф аст.

Варзишгарони Норвегия дар чордаҳ рӯзи рақобатҳо 34 медал (16 тило, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) гирифтаанд. Лижарон Йоханес Клебо дар корномаи худ медали даҳуми олимпиро ба даст овард, ки ба чунин натиҷа ягон нафари дигар дар Бозиҳои зимистона ноил нашудааст.

Мақоми дувумро дар Олимпиадаи зимистона Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 27 медал (9 тило, 12 нуқра ва 6 биринҷӣ) ва мақоми севумро дастаи мизбон – Итолиё - бо 26 медал (9 тило, 5 нуқра ва 12 биринҷӣ) касб намудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (6 медали тило, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ), Нидерланд (6 медали тило, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ), Шведсия (6 медали тило, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ), Швейтсария (6 медали тило, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ), Олмон (5 медали тило, 8 нуқра ва 8 биринҷӣ), Австрия (5 медали тило, 8 нуқра ва 5 биринҷӣ) ва Ҷопон (5 медали тило, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ) дохиланд.

Дар маҷмуъ, то имрӯз варзишгарони 27 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 20 кишвар бо медалҳои тило мукофотонида шудаанд.

Аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон як медали тило, Латвия як медали нуқра ва як биринҷӣ, Гурҷистон як медали нуқра гирифтаанд.

Варзишгарони Русия (13 нафар) ва Беларус (7 нафар) дар ҳайати дастаи бетараф ширкат доранд. Ин даста, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамоӣ мекунад, танҳо як медал гирифтааст. Русиягӣ Никита Филиппов дар лижаронӣ-кӯҳнавардӣ дар пойгаи спринтерӣ бо натиҷаи 2 дақиқаю 35,55 сония мақоми дуюмро касб намуда, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ бо иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар Итолиё то рӯзи 22-юми феврал идома меёбанд.

Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат мекунанд. Дар 14 рӯзи рақобатҳо ба варзишгарон 286 медал (95 тило, 97 нуқра ва 94 биринҷӣ) тақдим шудааст.

Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат надорад. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.

Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.