Музокироти Эрон ва Амрико ба чӣ меанҷомад?

Намояндагони Эрон ва Иёлоти Муттаҳида дар музокироти рӯзи 17-уми феврал дар Женева бар сари "шеваи музокирот" ба тавофуқ расиданд.

Аммо Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ин маънои наздик шудан ба созиши ниҳоиро надорад. Музокироти Вашингтон ва Теҳрон бар сари барномаи ҳастаии Эрон бо миёнҷигии Умон баргузор шуд.

Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе гуфт, музокироти бо Эрон "аз баъзе ҷиҳат" хуб гузашт ва ду тараф барои идомаи музокирот розигӣ доданд.

Венс ба шабакаи Fox News гуфт, президент Трамп талош дорад созиш ба даст ояд, чун Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ҷонибҳо бар сари "шеваи музокирот" розӣ шуданд, аммо ин маънои наздик шудан ба созиши ниҳоиро надорад.

"Равзанаи наве боз шуд, ки дар доираи он мо даври дуюми музокиротро бо амрикоиҳо дар Женева баргузор кардем. Мо умедворем, ки дар ин музокирот роҳи ҳалли устуворе ба даст меояд, ки метавонад ба манфиатҳои ҷонибҳо ва минтақа хидмат кунад",-афзуд "Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон.

Гуфтугӯи Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти ИМА ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп бо Аббос Ароқчӣ бо миёнҷигии Умон баргузор шуд.

Бадр ал-Бусайдӣ, вазири корҳои хориҷии Умон дар як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ҳанӯз кори бисёре ҳалношуда мондааст, вале Эрону Амрико бо нақшаи мушаххас нишастро тарк мекунанд

Як мақоми ИМА гуфт, барои камтар кардани фосилаҳо дар музокирот Эрон давоми ду ҳафтаи оянда пешниҳодҳои муфассал ироа мекунад.

Дар ҳоле, ки Доналд Трамп тағйири низом дар Эронро беҳтарин роҳ медонад, Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон мегӯяд, кӯшишҳои Вашингтон барои сарнагун кардани ҳукумати ӯ ноком хоҳанд шуд.

ИМА талош кардааст, ки дар доираи ин музокирот мавзӯи тавонои мушакии Эрон низ баҳс шавад.

Мақомҳои эронӣ гуфтаанд, дар ивази лағви таҳримҳо танҳо дар бораи барномаи ҳастаӣ гуфтугӯ мекунанд. Ҳукумати Эрон пурра даст кашидан аз ғанисозии уран ва гуфтугӯ бар сари барномаи мушакиро рад кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Музокироти Эрон ва Амрико ба натиҷа мерасад?