Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик иҷозат додааст, ки ташхиси тиббиро дар Тоҷикистон супорида, санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд.
Ин санад 9-уми октябри соли 2025 дар Душанбе имзо шуда, ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия онро барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ (порлумон) фиристод.
Баъзе аз расонаҳои русӣ бо такя ба Вазорати тандурустии Русия навиштанд, ташхиси тиббии муҳоҷирони тоҷик дар нуқтаи махсусе дар яке аз марказҳои тиббии Душанбе анҷом мешавад. Бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд.
Манбаъ мегӯяд, ин нуқтаи тиббӣ дар асоси қонунгузории Русия кор мекунад ва Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз озод ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.
Ҳамчунин кормандони ин марказ ба махзани маълумот дар бораи гирифторони бемориҳои ВИЧ, гепатит, сил ва бемориҳои сироятии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ташхиси тиббии муҳоҷирони тоҷик дар ватан дар кадом марказии тиббии Душанбе анҷом мешавад. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.
Супоридани ташхиси тиббӣ барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия ҳатмӣ аст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тирамоҳи соли гузашта эълон кард, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар он кишвар кор мекунанд.
Гузоришҳо дар бораи таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешаванд.