Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳрҳои Милан ва Кортинаи Итолиё ҷараён доранд, варзишгар аз Қазоқистон Михаил Шайдоров медали тило ба даст овард.
Ин варзишгари 21-сола дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 дар рақси рӯйи ях дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон медали тило гирифт, ки ҷоизаи таърихист. Қазоқистон дар рақси рӯйи ях бори аввал ба чунин дастовард ноил гардид.
Дар Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ то рӯзи 14-уми феврал дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Норвегия пешсаф мебошад. Варзишгарони ин кишвар 20 медал (10 тило, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ) гирифтаанд.
Мақоми дувумро мунтахаби Италия бо 18 медал (6 тило, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) ва мақоми севумро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 17 медал (5 тило, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ) касб намудаанд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Австрия (4 медали тило, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ), Фаронса (4 медали тило, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ), Олмон (4 медали тило, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Нидерланд ва Шведсия (ҳар кадои бо 4 медали тило, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ), Швейтсария (4 медали тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ), Ҷопон (3 медали тило, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) дохиланд.
Дар маҷмуъ, варзишгарони 25 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 17 кишвар бо медалҳои тило мукофотонида шудаанд.
Аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ғайр аз Қазоқистон боз Латвия як медали нуқра ва як биринҷӣ гирифтааст.
Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ бо иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар Итолиё то рӯзи 22-юми феврал идома меёбанд.
Варзишгарон барои 116 маҷмуи медалҳо дар 16 намуд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, чанатозӣ, скелетон, сноуборд, рақси рӯйи ях, фристайл, ҳоккей, шорт-трек ва лижаронӣ-кӯҳнавардӣ рақобат мекунанд.
Аммо Тоҷикистон дар Олимпиадаи зимистона дар Итолиё ширкат надорад. Чаҳор варзишгари тоҷик, ки дар мусобиқаҳои интихобӣ дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 талош карданд, натавонистанд меъёрҳои олимпиро иҷро намоянд. Бинобар ин, лижаронҳои тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Бояд зикр намуд, ки бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия ширкат варзида буданд. Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.
Алъон дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст. База ё урдугоҳи лижаронӣ, ки дар мавзеи Сафеддараи ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, дар онҷо мусобиқоти байналмилалӣ гузаронида намешавад.