Трамп пас аз дидор бо Нетаняҳу: Музокирот бо Эрон бояд идома ёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 11-уми феврал пас аз дидор бо нахуствазири Исроил эълон кард, ки музокирот бо Эрон бояд идома ёбад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии худ, Social Truth, дидор бо Бенямин Нетаняҳу ва намояндагони дигари Исроилро "бисёр хуб" хонд.

"Ҳеч тасмими қатъие гирифта нашуд, ҷуз ин ки ман таъкид кардам музокирот бо Эрон бояд идома ёбад, то мушаххас шавад оё имкони даст ёфтан ба як созиш вуҷуд дорад ё не," -- афзуд ӯ. Трамп навишт, ба нахуствазири Исроил гуфтааст, агар чунин созише ба даст биояд, "ин интихобро беҳтар мешуморем". Агар, ба гуфтаи ӯ, созиш бо Эрон ҳосил нашавад, "бояд дид натиҷа чӣ хоҳад шуд".

Доналд Трамп бо ишора ба ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар моҳи июни соли 2025 таъкид кард, "бори қабл Эрон тасмим гирифт, ки созиш накунад ва бо амалиёти низомӣ рӯбарӯ шуд ва ин барои онҳо натиҷаи хуб надошт. Умедворам ин бор мантиқитар ва масъулонатар амал кунанд".

Нахуствазири Исроил рӯзи 10-уми феврал ва пеш аз сафар ба Амрико гуфт, ки дар гуфтугӯҳояш бо Доналд Трамп мавзӯи асосӣ музокирот бо Эрон хоҳад буд. Расонаҳои гуногун гузориш доданд, ки Нетаняҳу дар дидор бо Трамп хоҳони сахтгирии бештари Вашингтон дар бораи барномаи мушакии Эрон аст.

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи 11-уми феврал эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу дар дидор бо Доналд Трамп дар Кохи Сафед таъкид кардааст, ки амнияти кишвараш яке аз мавзуъҳои муҳим дар музокироти Амрико бо Эрон аст.