Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳашт дастаи наврасон аз Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус (U-17, 19-уми феврал), Минск (U-17, 20-уми феврал) ва Қазоқистон (U-17, 21-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.
Ба гурӯҳи «В » дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) дохил шудаанд.
Тибқи дастури мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6-ум ва 7-8-ум баргузор мешаванд.
Тақвими бозиҳои Ҷоми рушд-2026:
19-уми феврал (панҷшанбе)
Мунтахаби Минск (U-17) - Қазоқистон (U-17)
Озарбойҷон (U-17) — Русия (U-17)
Беларус (U-16) — Узбекистон (U-17)
Беларус (U-17) — Тоҷикистон (U-17)
20-уми феврал (ҷумъа)
Мунтахаби Минск (U-17) — Тоҷикистон (U-17)
Озарбойҷон (U-17) — Узбекистон (U-17)
Беларус (U-16) — Русия (U-17)
Беларус (U-17) — Қазоқистон (U-17)
21-уми феврал (шанбе)
Қазоқистон (U-17) — Тоҷикистон (U-17)
Русия (U-17) — Узбекистон (U-17)
Беларус (U-16) — Озарбойҷон (U-17)
Беларус (U-17) — Мунтахаби Минск (U-17)
23-юми феврал (душанбе)
Ҷойи чоруми гурӯҳи «А» — Ҷойи чоруми гурӯҳи «В»
Ҷойи сеюми гурӯҳи «А» — Ҷойи сеюми гурӯҳи «В»
Ҷойи дуюми гурӯҳи «А» — Ҷойи дуюми гурӯҳи «В»
Ғолиби гурӯҳи «А» — Ғолиби гурӯҳи «В».
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025» мунтахаби наврасони Русия (U-17) ғолиб шуда буд. Русиягиҳо дар бозии ниҳоӣ ҳамсолони худ аз Беларусро бо ҳисоби 4:2 шикаст доданд. Барои ҷойи сеюм футболбозони навраси узбек бар мунтахаби Озарбойҷон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
Футболбозони навраси тоҷик бошанд, аз дастаи мунтахаби Беларус (U-17) ва аз тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия бо ҳисоби якхелаи 0:1, инчунин аз мунтахаби Узбекистон (U-17) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” зинаи охиринро ишғол намуданд.
Дастаи Тоҷикистон барои ҷойи ҳафтум бо тими наврасони Эрон (U-17), ки дар ҷадвали гурӯҳи “В” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт, рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки дар Минск бори 22-юм баргузор мешавад, футболбозони навраси ҳафт кишвар - Русия (7 бор), Беларус (5), Украина (4), Белгия (2), инчунин Исроил, Сербия ва Тоҷикистон якборӣ ғолиб гаштаанд.
Бояд гуфт, мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд” дар Минск барои футболбозони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола маҳсуб меёбад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа бар асоси қуръакашӣ 12-уми феврал муайян хоҳанд шуд.