Нетаняҳу барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон рафт

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, ки музокираи Амрико бо Эрон дар садри гуфтугӯҳояш бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико қарор хоҳад дошт. Интизор меравад Нетаняҳу имрӯз, чоршанбеи 11 феврал бо Трамп дар Вашингтон дидор кунад.

Нахуствазири Исроил пеш аз сафар ба Амрико дар як паёми видеоӣ гуфт, ки мавзӯъҳое чун Ғазза ва минтақаи Ховари Миёна, бахше аз барномаи дидораш бо Трамп хоҳад, аммо авлавияти аслии гуфтугӯ дар бораи музокира бо Эрон аст.

Исроил хостори амалкарди сахттари Амрико дар баробари барномаи мушакҳои баллистикии Эрон аст.

Эрон густариши доманаи гуфтугӯҳояш бо Амрико фаротар аз барномаи ҳастаии худро рад кардааст.

Аммо Вашингтон мехоҳад барномаи мушакҳои баллистикии Эрон ва ҳимояти Теҳрон аз гурӯҳҳои ниманизомии минтақаӣ низ рӯи миз бошад.

Намояндагони Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта дар Масқат, пойтахти Умон ба таври ғайримустақим музокира карданд.