Бар асоси қуръакашӣ, ки 9-уми феврал доир гардид, дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Ҳулбук» (Восеъ)
«Рангон» (Рӯдакӣ)
«Истаравшан» (Истаравшан)
Гурӯҳи «Б»
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
«Ҳосилот» (Фархор)
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)
«Сардор» (Турсунзода)
Бозиҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сурат мегиранд.
Тақвими бозиҳои даври якуми Ҷоми ФФТ-2026
Гурӯҳи “А”
10-уми феврал (сешанбе)
“Ҳулбук” – “Рангон” – 10:30
“Барқчӣ” – “Истаравшан” – 14:00
Ҳарду бозӣ дар Майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Гурӯҳи “Б”
10-уми феврал (сешанбе)
“Панҷшер” – “Сардор” – 10:30
“Ҳосилот” – “Парвоз” – 14:00
Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сурат мегирад.
Мувофиқи низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 рӯзи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 50 000 сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва ба соҳиби нишони биринҷӣ 20 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ (2012-2025):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0