Рақобати футзалбозони тоҷику австралиягӣ 1-уми феврал дар пойтахти Индонезия, дар маҷмааи варзишии “Велодроми байналмилалии Ҷакарта” доир гардид.
Ҳарду гол дар дақиқаи охирини дидор зада шуд. Аввал футзалбозони тоҷик муваффақ гаштанд. Голро Идрис Ёров ба самар расонд. Баъди якчанд сония бозигари австралиягиҳо Ҷордан Аарон Гуэррейро ҳисобро баробар кард – 1:1.
Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Узбекистон, ки 1-уми феврал дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и Ҷакарта сурат гирифт, ҷопониҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Нахуст Шаҳром Фахриддинов, бозигари мунтахаби Узбекистон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 7-ум, ҳисобро боз кард. Шото Яманака, бозигари ҷопониҳо, дар нимаи дувуми рақобат, дар дақиқаҳои 30-юм ва 37-ум, ба дарвозаи узбекҳо ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Тими миллии футзали Тоҷикистон қаблан дар марҳилаи гурӯҳӣ бозии даври аввалро бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, дар даври дувум аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуда буд.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Узбекистон бо чаҳор имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Футзалбозони ҷопониву узбек ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Австралия бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд. Футзалбозони тоҷику австралиягӣ аз ҳаққи ширкат дар плей-оффи мусобиқа маҳрум гаштанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифт. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ - Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон ва Узбекистон аз гурӯҳи “С”, Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” - муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.
Дар даври чорякниҳоии мусобиқа 3-юми феврал Тайланд бо Ироқ (13:00), Индонезия бо Ветнам (17:00), Ҷопон бо Афғонистон (15:00) ва Эрон бо Узбекистон (17:00) рақобат мекунанд.
Ҷоми футзали Осиё-2026
Гурӯҳи “А”
Даври якум
Индонезия - Кореяи Ҷанубӣ – 5:0
Ироқ – Қирғизистон – 4:2
Даври дуюм
Қирғизистон – Индонезия – 3:5
Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ – 2:3
Даври сеюм
Қирғизистон – Кореяи Ҷанубӣ – 3:2
Индонезия – Ироқ – 1:1
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Индонезия | 3 | 2 | 1 | 0 | 11-4 | 7 |
| 2 | Ироқ | 3 | 2 | 1 | 0 | 8-5 | 7 |
| 3 | Қирғизистон | 3 | 1 | 0 | 2 | 8-11 | 3 |
| 4 | Кореяи Ҷанубӣ | 3 | 0 | 0 | 3 | 4-11 | 0 |
Гурӯҳи “В”
Даври якум
Ветнам – Кувайт – 5:4
Тайланд – Лубнон – 2:0
Даври дуюм
Кувайт – Тайланд – 1:6
Лубнон – Ветнам – 0:2
Даври сеюм
Кувайт – Лубнон – 7:2
Тайланд – Ветнам - 1:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Тайланд | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-1 | 9 |
| 2 | Ветнам | 3 | 2 | 0 | 1 | 7-5 | 6 |
| 3 | Кувайт | 3 | 1 | 0 | 2 | 12-13 | 3 |
| 4 | Лубнон | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-11 | 0 |
Гурӯҳи “С”
Даври якум
Ҷопон – Австралия – 6:2
Узбекистон – Тоҷикистон – 0:0
Даври дуюм
Австралия – Узбекистон – 2:4
Тоҷикистон – Ҷопон – 0:3
Даври сеюм
Тоҷикистон – Австралия – 1:1
Ҷопон – Узбекистон – 2:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Ҷопон | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-3 | 9 |
| 2 | Узбекистон | 3 | 1 | 1 | 1 | 5-4 | 4 |
| 3 | Тоҷикистон | 3 | 0 | 2 | 1 | 1-4 | 2 |
| 4 | Австралия | 3 | 0 | 0 | 3 | 5-11 | 1 |
Гурӯҳи “D”
Даври якум
Эрон – Малайзия – 4:1
Афғонистон - Арабистони Саудӣ - 3:0
Даври дуюм
Арабистони Саудӣ – Эрон – 0:2
Малайзия – Афғонистон – 0:7
Даври сеюм
Арабистони Саудӣ – Малайзия – 6:1
Эрон – Афғонистон – 5:2
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Эрон | 3 | 3 | 0 | 0 | 11-3 | 9 |
| 2 | Афғонистон | 3 | 2 | 0 | 1 | 12-5 | 6 |
| 3 | Арабистони Саудӣ | 3 | 1 | 0 | 2 | 6-6 | 3 |
| 4 | Малайзия | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-17 | 0 |