Мақомоти Покистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар ҷараёни як амалиёти низомии 40-соата дар вилояти Балучистон 145 ҷангҷӯро куштанд.
Даргириҳо пас аз силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи ҷудоиталабони балуч оғоз шуд, ки дар онҳо даҳҳо нафар ҷон доданд. Сарфароз Буғтӣ, намояндаи ҳукумати ин вилояти ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон гуфт, ки дар ҳамлаҳои ҷангҷӯён 17 маъмури неруҳои интизомӣ ва 31 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамлагарон дар либоси мулкӣ вориди шифохонаву мактаб ва бозорҳо шуда, ба сӯи мардум оташ кушодаанд ва аз сокинон ҳамчун "сипари инсонӣ" истифода бурдаанд.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи мамнӯи "Артиши озодибахши Балучистон" ба уҳда гирифт. Ин гурӯҳ иддао кард, ки 84 сарбози Покистонро куштааст. Аммо артиши Покистон ин иддаоро рад карда, гуфт, ки низомиёни кишвар ҳамлаҳоро рафъ карданд ва иҷоза надоданд, ки ягон иншооти стратегӣ, ё шаҳр ба дасти ҷангҷӯён афтад.
Вазорати дифои Покистон мегӯяд, ҷангҷӯён бештар коргарон ва табақаҳои камбизоатро ҳадаф қарор медиҳанд. Артиши Покистон ин ҳамлаҳоро кори дасти ҷангҷӯёни таҳти ҳимояти Ҳинд хонд, аммо Деҳлӣ ин иттиҳомро "беасос" хонда, рад кард.
Вилояти Балучистон, ки бузургтарин ва камбизоаттарин минтақаи Покистон аст, даҳсолаҳо боз шоҳиди шӯришҳои ҷудоихоҳон мешавад. Онҳо талаб доранд, ки ҳиссаи бештари даромад аз ҳисоби манобеи табиии вилоят ба худи балучҳо дода шавад.