Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина, хабар дод, ки даври нави музокироти сеҷониба дар бораи поён додан ба ҷанг дар Украина рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Ӯ афзуд, ки ин иттилоро аз ҳайати Украина дар музокирот дарёфт кардааст. Дар паёми Зеленский гуфта нашудааст, ки нишасти Абузабӣ рӯзи 1-уми феврал баргузор шуд ё на. Қаблан тамоми тарафҳо — Русия, Амрико ва Украина тасдиқ карда буданд, ки даври нави музокирот рӯзи якшанбе пешбинӣ шудааст.
То ҳол паёми Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоиро дар мавриди санаи нави музокирот намояндагони Амрико ва Русия шарҳ надодаанд.
Рӯзи 31-уми январ Кирилл Дмитриев, фиристодаи хоси раиси ҷумҳури Русия дар аёлати Флорида бо ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодагони хоси Доналд Трамп мулоқот кард. Тарафҳо гуфтугӯҳоро "самарбахш" ва "созанда" хонданд.
Даври аввали музокирот бо ҳузури намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида рӯзҳои 23-24-уми январ дар Абузабӣ сурат гирифта буд. Ҷонибҳо аз пешрафт дар гуфтугӯҳо хабар доданд, ҳарчанд эътироф карданд, ки дар масъалаи марзҳо ва қаламравҳои ишғолшудаи Украина ҳанӯз ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд.