Дар натиҷаи фурӯравии замин як қисмати роҳ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вайрон шудааст. Дар наворҳое, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, як қисмати роҳи мумфарш ё мошингард фурӯ рафтааст.
Аз идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҷомӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса 28-уми январ рух дода, 85 метр роҳи байни деҳаҳои Ғалаба ва Бӯстон фурӯ рафтааст.
Абдулмалик Боймаҳмадзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин роҳ аҳамияти маҳаллӣ дорад ва дар қисмати “мавзеъҳои хавфнок” дохил мешавад.
Ба гуфтаи ин масъул заминҳои атрофи ин роҳ қаблан ҳам фурӯ рафтаанд ва ин дафъа ба ин қисмати роҳ расидааст. Ин масъули идораи ҳолатҳои фавқулода гуфт, феълан барои равуои мардум аз дигар самт роҳ дуруст кардаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар ин ноҳия заминҳо фурӯ мераванд. Рӯзи 8-уми майи соли 2021 дар натиҷаи лағжиши хок дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даҳҳо хонаву киштзорҳои васеъ вайрон шуд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале 15 хона ва 100 гектар замин пурра вайрон шуданд.