Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов нахустин бозиашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Рақобати футзалбозони тоҷику узбек шоми чоршанбеи 28-уми январ дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуда, бидуни гол ба поён расид.
Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи 17 марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат карда буд, чаҳор бор ба финали мусобиқа роҳ ёфтааст. Аммо футзалбозони узбек ягон бор ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф нашудаанд.
Дастаи Узбекистон соли 2024 дар Ҷоми Осиё дар Тайланд барои ҷойи сеюм бо тими миллии Тоҷикистон рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом ёфт. Аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти Узбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бори 12-ум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок мекунад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.
Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 28-уми январ тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуд.
Мунтахаби Ҷопон, ки бори ҳаждаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат дорад, чаҳор бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст ва пас аз Эрон дуюмин дастаи серунвони қора мебошад. Дар мусобиқаи соли 2024 ҷопониҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашта буданд.
Бояд зикр намуд, мунтахаби Ҷопон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “С” ғолиб шуда, аз тимҳои миллии Тоҷикистон, Камбоҷа ва Макао пеш гузашт.
Мунтахаби Австралия бори чаҳорум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад. Австралиягиҳо дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “А” муқобили Кувайт, Ҳиндустон ва Муғулистон бозӣ карда, мақоми аввалро касб намуданд.
Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври якуми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. Дастаҳои Тоҷикистону Узбекистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Австралия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Дар даври дуюми мусобиқа футзалбозони тоҷик рӯзи ҷумъаи 30-юми январ бо тими миллии Ҷопон рӯбарӯ мешаванд. Бозии охирини гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия рӯзи якшанбеи 1-уми феврал доир мегардад.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифтааст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.
Ҷоми футзали Осиё-2026
Даври аввал
Гурӯҳи “А”
Индонезия - Кореяи Ҷанубӣ – 5:0
Ироқ – Қирғизистон – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Индонезия | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-0 | 3 |
| 2 | Ироқ | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-2 | 3 |
| 3 | Қирғизистон | 1 | 0 | 0 | 1 | 2-4 | 0 |
| 4 | Кореяи Ҷанубӣ | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-5 | 0 |
Гурӯҳи “В”
Ветнам – Кувайт – 5:4
Тайланд – Лубнон – 2:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Тайланд | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
| 2 | Ветнам | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-4 | 3 |
| 3 | Кувайт | 1 | 0 | 0 | 1 | 4-5 | 0 |
| 4 | Лубнон | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Гурӯҳи “С”
Ҷопон – Австралия – 6:2
Узбекистон – Тоҷикистон – 0:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Ҷопон | 1 | 1 | 0 | 0 | 6-2 | 3 |
| 2 | Тоҷикистон | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
| 3 | Узбекистон | 1 | 0 | 1 | 0 | 0-0 | 1 |
| 4 | Австралия | 1 | 0 | 0 | 1 | 2-6 | 0 |
Гурӯҳи “D”
Эрон – Малайзия – 4:1
Афғонистон - Арабистони Саудӣ - 3:0
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “D”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | Эрон | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-1 | 3 |
| 2 | Афғонистон | 1 | 1 | 0 | 0 | 3-0 | 3 |
| 3 | Малайзия | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-4 | 0 |
| 4 | Арабистони Саудӣ | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-3 | 0 |
Даври дуюм
29-уми январ (панҷшанбе)
Гурӯҳи “А”
Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ (13:00)
Қирғизистон – Индонезия (17:00)
Гурӯҳи “В”
29-уми январ (панҷшанбе)
Лубнон - Ветнам (11:00)
Кувайт – Тайланд (15:00)
Гурӯҳи “С”
30-юми январ (ҷумъа)
Австралия – Узбекистон (11:00)
Тоҷикистон – Ҷопон (17:00)
Гурӯҳи “D”
30-юми январ (ҷумъа)
Арабистони Саудӣ - Эрон (11:00)
Малайзия – Афғонистон (15:00)
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.