Даври нави музокироти сеҷонибаи ҳайатҳои ИМА, Русия ва Украина дар масъалаи хатми ҷанг дар Украина мумкин аст рӯзи якуми феврал дар шаҳри Абу Дабӣ баргузор шавад. Дар ин бора нашрияи Axios бо истинод ба як мақомдори амрикоӣ хабар додааст.
Расонаҳои дигари ғарбӣ, Украина ва ҳамчунин Оҷонсии ТАСС-и Русия навиштаанд, ки дар нишасте, ки рӯзҳои 23-24-уми январ баргузор шуд, барои аввалин бор пас аз оғози ҷанг, ҳайатҳо дар бораи даври нави музокирот ба тавофуқ расиданд.
Axios аз қавли намояндагони Амрико навиштааст, ки музокироти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Абу Дабӣ қадами муҳиме барои мулоқоти навбатӣ шуд. Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, ҷонибҳо имконияти дидори президентҳои Русияву Украина, Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро матраҳ кардаанд ва “ба ин мулоқот хеле наздик шудаанд”.
Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки Путин 22-юми январ дар мулоқот бо фиристодагони вижаи президенти Амрико дар Маскав, омодагии худро барои хатми ҷанг аз роҳи дипломатӣ баён доштааст. Ирсоли ҳайати “ҷиддӣ” аз Русия ба Абу Давбӣ ҳам яке аз нишонаҳои ин гуфта шудааст.
Ҳайати Русияро дар даври аввали музокирот адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ карданд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дошт.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифта, ду рӯз идома кард. "РБК-Украина", навиштааст, ки Русия, чун қабл ба хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз бахшҳои ишғолнашудаи вилояти Донетск пофишорӣ дорад, вале ҷониби Украина ин талабро қабул надорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дода буд, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".