Дар Тоҷикистон як занеро, ки мехост тифли навзоди худро бифурӯшад, боздошт карданд. Ӯро барои содир намудани ҷинояти "хариду фурӯши ноболиғон", гумонбар донистанд.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри наворе дар ин бора гуфт, Зуҳрохон Розиқова сокини ноҳияи Рӯдакӣ қасд дошт, тифли ҳаштмоҳаро бар ивази 100 ҳазор сомонӣ ба каси дигар бифурӯшад ва рӯзи 18-уми январ, ҳангоми гирифтани пул боздошт шуд.
Назари худи зан ва сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки сарнавишти баъдии тифл чӣ мешавад.
Нисбати модари тифл бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Тобистони соли гузашта дар вилояти Суғд як занро барои қасди фурӯши духтарчаи 4-солааш дастгир карда буданд. Ба иттилои мақомот вай мехостааст, духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.