Назарзода кордкашии наврасонро як мушкили ҷиддӣ дар Кӯлоб хондааст

Шариф Назарзода

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб аз сокинон хостааст, ки барои пешгирӣ аз кордкашии наврасон бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.

Даъвати генерал Назарзода аз сокинони Кӯлоб пас аз он аст, ки дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми январ дар ин шаҳр Маҳмадалӣ Исуфов, размикори 19-сола кушта ва се ҳамсоли дигараш захмӣ шуданд. Мақомот Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳрро ба ин ҷиноят муттаҳам ва боздошт кардаанд.

Шариф Назарзода рӯзи 22-юми январ дар ҳамоиш акси размикор, боздоштшудаҳо ва афроди захмиро ба ҷавонони Кӯлоб намоиш дода, гуфтааст, кордзанӣ миёни наврасон, ифротгароӣ ва истеъмоли ҳабҳои мадҳушкунанда миёни ҷавонон аз мушкили аслӣ дар Кӯлоб аст.

Назарзода аз варзишгарон, мураббиёнашон ва дигар ҷавонони шаҳр хостааст, ки барои “пешгирии ҳамагуна зуҳуроту падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳмгузор бошанд.”

Ба иттилои раёсати умури дохилии Хатлон, соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 719 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта бештар аст. Кӯлоб бо аҳолии беш аз 200 ҳазор нафар сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Бархе сокинон сабаби аслии рӯ овардани ҷавонони шаҳр ба занозанӣ ва ифротгароиро бекорӣ медонанд.