Мақомоти интизомии Кӯлоб ба зидди як сокини шаҳр, ки дар баҳсе барои замин, ниҳодҳои давлатиро ба беадолатӣ муттаҳам мекард, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Парвандаи Зариф Бобоевро, ки ба “дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ” муттаҳам мешавад, додситонӣ дар муддати кӯтоҳе ҳам таҳқиқ карда ва барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст. Худаш ҳам аз моҳи декабр дар боздошт аст.
Моҷарои шикоятҳои Зариф Бобоев аз рафтори мақомот ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам сӯҳбат кардани ӯ дар бораи моҷаро сари ду контейнер аст, ки моликони терминали мусофиркашии Кӯлоб дар назди хонаи ӯ гузоштаанд.
Зариф Бобоев, шикоят дошт, ки контейнерҳоро ғайриқонунӣ дар пеши хонаи ӯ гузоштаанд ва аҳли оилаи ӯ бо саргардонӣ вориди хона мешаванд. Хонаи Бобоев дар кӯчаи Нонвои поён, яке аз кӯчаҳои марказии Кӯлоб ва дар ҳудуди терминали мусофиркашӣ воқеъ аст.
Яке аз наздикони Зариф Бобоев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро баъди изҳороти зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карданд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ нахост, номаш бурда шавад ва гуфт: “Аввал ба ҳамаи мақомот нома навишт ва дид, ки кораш ҳал нашуд ва хост, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳақашро талаб кунад. Ҳамин сабаби боздошт шуд.»
Худи Зариф Бобоев, моҳи майи соли 2025 дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки масъулони терминал роҳи хонаи ӯро махсус бастаанд. Бобоев гуфта буд, ки аз масъулони терминал ба мақомот шикоят кардааст, аммо шикояташ баррасӣ шудааст ва ё на, маълум нест.
Як манбаи огоҳ аз парвандаи Зариф Бобоев бидуни овардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар шакабаҳои иҷтимоӣ дағалона сӯҳбат мекард ва мақомотро бидуни далел барои гирифтани пора муттаҳам мекард. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамин боис шуд, ки ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шавад. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Наворҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда, бидуни далел ҳамаро ба гирифтани пора мутаҳам мекунад. Худаш ҳам дар рафти тафтишот ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки дар айни асабоният ин корро карда ва аз кардааш пушаймон аст.”
Терминали шаҳри Кӯлоб хусусӣ аст ва моликонаш хонаҳои воқеъ дар ҳудуди онро харида, ба терминал ҳамроҳ кардаанд. Айни ҳол танҳо хонаи Зариф Бобоев дар дохили терминал боқӣ мондааст. Масъулони терминал он вақт гуфта буданд, ки контейнерҳоро дар ҳудуди терминал гузоштаанд ва ин ғайриқонунӣ нест.
Мегуфтанд, ки тамоми роҳҳо ва мағозаҳои атроф дар ҳавлии ин автовокзали собиқ ҷойгиранд. То кунун контейнерҳои бузург аз пеши хонаи Зариф Бобоев бардошта нашудаанд. Дар сурати собит шудани иттиҳомот ба зидди Зариф Бобоев, ӯро ҷарима ва то ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар Тоҷикистон гуфтугӯҳо байни мардум дар бораи ришвахории мақомот ва аз роҳи пора ҳал кардани баҳсе дар додситониву додгоҳ зиёд шунида мешавад, вале мақомот ин иддаоҳоро беасос хонда мегӯянд, агар далели шайъӣ дар ин бора бошад, ҳатман таҳқиқ мекунанд.