Таҳрими панҷ мақомдори эронӣ аз сӯи ИМА

Алии Лориҷонӣ, мушовири раҳбари олии Эрон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи панҷ мақомдори эронӣ таҳрим карда, онҳоро ба саркӯби эътирозгарон гунаҳкор кард. Бино ба гузориши Вазорати молия ё хазонадории Амрико, ба рӯйхати таҳримҳо, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ, дабири кулли Шӯрои олии амнияти миллӣ шомил шудаанд.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, Алии Лориҷонӣ масъул ва ҳамоҳангсози саркӯби эътирозгарон аст. Ҳамчунин чор фармондеҳи минтақавии пулис ва Сипони посдорон дар вилоятҳои Луристон ва Форс низ ба рӯйхати сиёҳи Амрико илова шуданд.

Вазорати хазонадории Амрико гуфтааст, ин фармондеҳон алайҳи эътирозгарон аз хушунат истифода бурда, норозиёнро куштаанд. “Аз замони оғози эътирозҳо дар моҳи декабри соли 2025 мақомоти қудратии Эрон аз силоҳҳои ҷангӣ истифода бурда, мардумро аз ҳаққи зиндагӣ ва озодӣ маҳрум карданд”, - омадааст дар хабарномаи Вазорати хазонадории Амрико.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин чанд нафарро барои давр задани таҳримҳо ва фурӯши нафти Эрон таҳрим кард.