Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба Сафири Русия дар Ереван ёддошти эътирозӣ ё нота супоридааст. Дар ин нота Арманистон аз “изҳороте, ки дар шабакаҳои давлатии Русия садо дод, нигаронӣ кардааст”.
Сухан дар бораи барномаи Владимир Соловев, мубаллиғи рус меравад, ки густариши “Амалиёти махсуси низомӣ”-ро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон аз эҳтимол дур намедонад. Русия ҷангаш дар Украинаро “Амалиёти махсуси низомӣ” медонад.
Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба Сафири Русия гуфтааст, ин ҳарфҳои Соловев “поймол кардани истиқлолияти Арманистон ва дағалона вайрон кардани муносибатҳои дӯстонаи Маскав ва Ереван аст”. Ахиран Владимир Соловев дар як барномаи телевизионӣ гуфт, “минтақаи нуфуз” аз ҳуқуқи байналхалқӣ боло меистад.
Ин ҳарфҳои Владимир Соловев, мубаллиғи рус, дар пасманзари ҳодисаҳои Венесуэла, амалиёти ИМА зидди Николас Мадуро ва вокуниши вазорати корҳои хориҷии Русия садо дод. Рӯзҳои охир мубаллиғони Кремл дар бораи ҳудуди нуфузи абарқудратҳо бештар ҳарф мезананд.