Ангишти қирғизӣ дар Тоҷикистон камчин ва гарон шудааст

Тоҷирон ва сокинони вилояти Суғд мегӯянд, баръакси умедвориашон воридоти ангишти қирғизӣ назар ба солҳои пеш ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Чор соли охир бо вуҷуди баста будани марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ин маводи сӯхт нисбатан дастрас буд. Бо кушодани шудани марз имсол нархаш боло рафт. Ин ҳолат дар пасманзари камбарқӣ сокинон ва ҳам худи тоҷиронро ба ташвиш овардааст.

Дадобой Юсуфов, ки 5 сол боз ба фурӯши ангишт машғул аст, мегӯяд, имсол дар кораш бебандубориҳо пеш омад. Он ҳам вобаста ба воридоти ангишт аз Қирғизистон. Тоҷири тоҷик, ки роҳу равиши ин корро то ҳадде омӯхта, тиҷораташро хуб ба роҳ мондаааст, гуфт, ба фарқ аз солҳои гузашта, ҳоло ба ҷойи ангишти қирғизӣ ангишти Узбекистонро ба фурӯш гузоштаанд.

Ин ангишфурӯш мегӯяд, бештар маҳсулотро мувофиқ ба ҷайби мардум пешниҳод мекунад ва бо гарон шудани нархи ангишти қирғизӣ имсол аз фурӯши он даст кашидааст. “Яклухт 6 сомонӣ гиред мегӯянд, мо медонем, ки ин нарх хеле гарон аст, мо намехарем. Нархаш туғрӣ намегирад. Мо агар онро оварда фурӯшем ба мо гап мерасад. Гӯё мо онро махсусан қимат кардаем. Мо нархи онро баланд намекунем-ку. Беҳтараш онро намехарем ва намефрӯшем.”- гуфт, Дадобой Юсуфов

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон чор соли охир баста буд. Аксари фурушандагони ин навъи сӯзишворӣ мегӯянд, ки то боз шудани он баръакс ангишт барзиёд ва бемонеа ба Тоҷикистон меомаду нархаш ҳам дастрас буд. Аммо акнун вазъ дигар шудааст.

Мирзокамол Раҳматов, тоҷири дигар мегӯяд ангишти Қирғизистон ба воситаи Узбекистон ба Тоҷикистон ворид карда мешуд. “Имсол наомада истодааст. Аз ҳамин ҳисоб қимат аст. Талаботаш аз ҷониби худи халқаш зиёд шудааст ё чизи дигар ман намедонам. Инҷо ҳоло азони Узбекистон зиёд шуд, халқ ҳаминро гирифта одат кард. Сӯхта истодаанд, хуб аст”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ангишти Қирғизистон дар Суғд гаронтар шудааст

Қирғизистон ним сол пеш содироти ангишти худро манъ кард ва охири имсол ин мамнуият то шаш моҳи дигар дароз карда шуд.

Имсол дар вилояти Суғд аксаран ангишти Узбекистон ва қисман ангишти дохилии Тоҷикистонро фурӯхта истодаанд. Нархи он аз 2 то 4 сомонӣ барои ҳар як кило муайян шудааст. Мирзокамол Раҳматов, ангиштфурӯш гуфт: “Дар ҳар килояш то 3 сомон фарқ карда истодааст. Ангишти Узбекистон назар ба Қирғизистон хеле арзон аст”.

Абдукарим Ғафуров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки нонвойхона дорад мегӯяд, имсол маҷбур шудааст аз ангишти дохилӣ истифода барад. Вай барои истифода дар нонвойхонааш ва сандаливу бухории бобоӣ ба ангишти зиёд ниёз дорад. Гаронии нарх ба кораш таъсири амиқ расонидааст. “Мо ҳоло ангишти Исфараро истифода карда истодаем, сифаташ хеле паст аст. Нархаш ҳам гарон аст. Вай сол ангишти қирғиз 3,5 сомон буд, имсол ангишти Исфара 5 сомонӣ аст. Ангишти қирғиз имсол аз 6 то 7 сомонӣ аст, вале нест”. - афзуд, Абдукарим Ғафуров.

Дар пасманзари маҳдудияти нерӯи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон ва афзоиши нархи он, камбуди ангишти қирғизӣ низ мардумро нигарон кардааст. Ангиште, ки нисбатан хушсифат ва камзарар будааст.

Аз сифати ангишти Узбекистон ва Тоҷикистон сокинон розӣ нестанд ва мегӯянд, аз истифодаи ин навъи ангишт, ки бехатар нест ҳарос доранд. Аммо бо ин вуҷуд ноилоҷ аз он истифода мебаранд.