Алӣ ва ҳамсару духтарашро дар Тоҷикистон ба хок супурданд

Оилаи тоҷикеро, ки дар Русия ба ҳалокат расиданд, субҳи имрӯз 12-уми январ дар ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён ба хок супурданд. Тобути марди муҳоҷири тоҷикро бо ҳамсар ва духтари панҷсолааш рӯзи 11-уми январ ба Тоҷикистон оварданд.

Як масъул аз ҷамоати деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Вахш бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “зан аз ин ноҳия буда” ҷанозаи ӯ ва ду аъзои дигари оилааш дар хонаи шавҳараш баргузор шудааст, ки аз ноҳияи Кушониён аст.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Вахш, онҳо аз дуди ангишт ба ҳалокат расидаанд.

Ҳодиса 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия рух додааст. Яке аз дӯстони марди фавтида рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Алӣ аз марги ӯ ва ҳамсару духтараш як рӯз баъд огоҳ шудаанд. "Алӣ ва ҳамсару духтараш аз газ заҳролуд мешаванд. Хешу табор аз Тоҷикистон як рӯз занг мезананд, аммо ба зангҳояшон касе ҷавоб намедиҳад. Як рӯз баъд наздикони Алӣ, ки дар Самара буданд ба хонааш мераванд ва дарро шикаста медароянд. Маълум шуд, ки баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад. ", - гуфт яке аз дӯстони марди фавтида.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Аз газ заҳролуд шуданд". Ҳалокати як оилаи тоҷикистонӣ дар Русия

Ба гуфтаи ин мусоҳиби Радиои Озодӣ, соли гузашта дар пайи сӯхтор дар манзили ҳамин оила дар Самара писари сесолаи Алӣ ба ҳалокат расида буд. Баъди ин ҳодиса, ҳамсари Алӣ пойфишорӣ доштааст, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

Русия макони кору зиндагии ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистон аст. Солона наздики ҳазор тоҷикистонӣ аз беморӣ ё дар ҳодисаҳои нохуш дар Русия мефавтанд.