Иштироки варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои бузурги соли 2026  

Варзишгарони тоҷик соли 2026 дар як қатор чорабиниҳои бузурги варзишӣ ширкат меварзанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чаҳор варзишгари тоҷик дар намуди лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXV зимистонаи олимпӣ, ки рӯзҳои 6-22-юми феврал дар шаҳрҳои Милано ва Кортина-д’Ампетсои Италия доир мегарданд, талош доранд. Мусобиқаҳои интихобӣ то охири моҳи январ идома меёбанд.

Дар ин бозиҳо иштироки наздики 3000 варзишгар аз 91 кишвар дар назар аст, ки барои 116 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Варзишгарони Бенин, Гвинея-Бисау ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бори аввал дар Бозиҳои олимпии зимистона иштирок хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо ҳашт намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ, чанатозӣ, ҳоккей ва лижаронии кӯҳӣ ворид шудааст.

Бори охир варзишгарони тоҷик соли 2014 дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи ширкат карда буданд. Аммо Олимпиадаҳои зимистонаи соли 2018 дар Пйонгчанги Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Пекини Чин бе иштироки намояндагони Тоҷикистон гузаштанд.

Рӯзҳои 22-30-юми апрел дар шаҳри Санйаи Чин Бозиҳои VI соҳилии осиёӣ баргузор мешаванд. Дарвоқеъ, ин бозиҳо пас аз 10 соли танаффус доир мегарданд. Охирин маротиба ин чорабинӣ соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буд.

Ба барномаи 6-умин Бозиҳои соҳилии осиёӣ дар Санйа 14 намуди варзиш ворид аст: баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод, тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиу-ҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар риштаҳои баскетбол, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гуштии соҳилӣ ва ҷиу-ҷитсу ширкат хоҳад кард.

Тими миллии футболи Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳад. Дар гурӯҳи “А” охирин бозиҳо 31-уми март баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими миллии Филиппин рақобат мекунад. Алъон ҳарду даста 13-имтиёзӣ доранд ва барои роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, талош меварзанд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026/27 иштирок менамояд. Бозиҳо ба таври мутамарказ аз 17-ум то 24-уми октябр баргузор мегарданд. Ғолиби мусобиқа ба Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC дар мавсими 2027/28 роҳ меёбад.

Тирамоҳи имсол се чорабинии маҷмуии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Нахуст, аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон Бозиҳои XX осиёӣ доир мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 42 намуди варзиш ворид шудааст ва варзишгарон аз 45 кишвари қора, аз ҷумла Тоҷикистон, барои 460 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Баъдан, аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар - Бозиҳои IV олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад. Ин аввалин бор аст, ки як кишвари африқоӣ бозиҳои олимпиро мегузаронад.

Ба барномаи бозиҳо 25 намуди варзиш ворид аст ва дар мусобиқот наздики 3000 варзишгари то 17-сола ширкат мекунанд. Имсол тартиби нави интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон роҳандозӣ мешавад. Қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, ҳамакнун бо тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ иштироккунандагони Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байналмилалӣ дар асоси радабандии ҷаҳонӣ интихоб менамоянд.

Мавсими варзишии соли 2026 бо Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба поён мерасад. Ин чорабиниро аз 28-уми ноябр то 7-уми декабр Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 45 кишвари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Уқёнус дар назар аст.

Дар баробари бозиҳои маҷмуӣ имсол даҳҳо мусобиқаи анъанавӣ дар риштаҳои алоҳидаи варзиш баргузор мешаванд. Аз он ҷумла, соли равон аз рӯйи бисёр намудҳои варзиш мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 оғоз меёбанд.

Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-11-уми октябр дар Бокуи Озарбойҷон, дар намудҳои гуштии озод ва юнону румӣ 13-21-уми сентябр дар Загреби Хорватия, дар риштаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 26-30-юми август дар Познани Полша (Лаҳистон), дар намуди тенниси рӯйи миз 1-10-уми май дар Лондони Англия доир мегарданд, ки дар онҳо иштироки варзишгарони тоҷик низ дар назар аст.