"Толибон" мегӯяд, шумори нерӯҳояшро дар соли 2025 бештар кард

Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, дар соли 2025 шумори нерӯҳои амниятӣ ва дифоии омӯзишдидааш дастикам 300 ҳазор тан расидааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати "Толибон", рӯзи 31-уми декабр дар гузориши солона дар шабакаи Х навишт, дар соли гузашта Вазорати дифои онҳо шумори нерӯҳои омӯзишдидаи амниятиро ба 181 ҳазору 84 тан расонд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунон дар ҷараёни як сол 100 ҳазору 300 пулис дар бахшҳои амниятӣ, ҷиноӣ, марзӣ ва дигар соҳаҳо омӯзиш дида ва фориғуттаҳсил шуданд.

Бо ин ҳол, ӯ мушаххас накардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон" ба чӣ теъдод мерасад.

Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҳукумати "Толибон", баҳори соли 2024 дар гуфтугӯ бо телевизиони "Тулӯъ" иддао карда буд, ки шумори умумии нерӯҳои мусаллаҳи онҳо ба 500 ҳазор тан мерасад.

Ҳамчунин Кумитаи назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ дар навтарин гузориши худ дар нимаи моҳи декабр эълон кард, ки дастгоҳи амнияти "Толибон" байни 380 то 450 ҳазор фард дорад. Ҳудуди 150 ҳазор тани он нерӯҳои дифоӣ ва наздик ба 200 ҳазор тани дигар пулис ва нерӯҳои истихборотӣ будаанд.

Дар ин гузориш омада буд, ки дар нимаи нахусти соли молии 2025 хароҷоти "Толибон" дар бахши амниятӣ ба 55,2 миллиард афғонӣ (беш аз 830 миллион доллар) расидааст, дар ҳоле ки 64,2 миллиард афғонӣ дар дигар бахшҳо харҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон ва сокинони ин кишвар мегӯянд, дар шароите ки фақр, тангдастӣ ва бекорӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, бештар кардани нерӯҳои амниятии "Толибон" авлавият нест, балки ба гуфтаи онҳо, бояд барои беҳбуди вазъияти мардум кор сурат бигирад.