Марги мармузи як кӯдаки 3-сола дар Файзобод

Идораи пулиси ноҳияи Файзобод. Акс аз бойгонӣ.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, як кӯдаки 3-сола эҳтимолан дар пайи латукӯби модарандараш дар ноҳияи Файзобод ҷон бохтааст. Ҳодиса 26-уми декабр дар деҳаи Шерамони Файзобод рух додааст.

Як манбаъ дар ҳукумати Файзобод ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гумони латукӯб ва ба марг расондани Юсуфҷони хурдсол модарандараш боздошт шудааст.

Назари ин зани 31-сола ба қазия маълум нест.

Манбаъ дар ҳукумати Файзобод гуфт, модарандари тифл ба ҳабси пешакӣ гирифта нашуд, чун кӯдаки якунимоҳа дорад. Мақомот ӯро бозпурсӣ доранд.

Ҷузъиёти бештар дар бораи марги мармузи ин кӯдак барои мо феълан маълум нест ва мақомот ҳам расман чизе нагуфтаанд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати Файзобод гуфт, модарандари Юсуфҷон ба он муттаҳам мешавад, ки ин тифли 3-соларо задааст ва кӯдак баъди як рӯз дар роҳ ба бемористон даргузашт.

Таҳқиқи аввалия нишон додааст, ки зан мушкили равонӣ надорад, аммо бо хушдоманаш ҷанҷол мекардааст.

Мақомот ҳам аз мушкили оилавии ин зан бохабар буда, як маротиба бо онҳо сӯҳбат кардаанд.

Марги тифлон баъди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Аз ҷумла, соли 2022 низ як сокини шаҳри Истаравшан барои латукӯб ва то дами марг азоб додани тифли сесола боздошт шуда буд.