Сафорати Чин дар Душанбе барои бистарӣ кардани коргарони чинӣ, ки ҳадафи ҳамла аз Афғонистон қарор гирифтаанд, ба мақомоти Тоҷикистон миннатдорӣ кардааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар хабарномае навишт, Сун Хэ, мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии Сафорати Чин дар дидор бо вазири нақлиёт Азим Иброҳим барои "расонидани кӯмаки ҳамаҷониба дар интиқол ва бистарӣ сохтани кормандони ширкати чинии "China Road & Bridge Corporation" ... миннатдории ҷониби Чинро баён дошт".
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин шарҳ надодаанд, ки дар дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо намояндаи Сафорати Чин дар бораи ин ҳамла боз чӣ чизҳое гуфта шуд.
Ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон 30-юми ноябр рух дод. Дар ин ҳамла ду чиноӣ кушта шуда, ду коргари ширкати “China Road and Bridge Corporation” маҷруҳ гаштанд.
Моҳи ноябр ҳамчунин дар пайи ҳамлаи дигаре аз хоки Афғонистон ба корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 коргари дигари чинӣ кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Толибон хостанд, барои таъмини амният дар марз ва пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳо бештар талош кунанд.
Расонаҳои Афғонистон аз боздошти чанд гумонбар дар ин ҳамла хабар доданд, аммо дар бораи таҳқиқоти ин ҳодиса дигар хабаре дода нашуд.