Хушдоманро дар ҷабру ситам ва марги келинаш гумонбар донистанд

Акс аз бойгонӣ

Як хушдоманро дар ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар донистанд, ки келини 23 солаашро ба худкушӣ расондааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр бо нашри баёнияе гуфт, зани 48 солаи сокини Ҷайҳун нисбати келинаш "муносибати бераҳмонаро раво дида", ӯро пайваста латту кӯб ва таҳқир мекардааст. Ин ҳолат аз соли 2019 идома доштааст ва ба гуфтаи мақомот моҳи сентябри соли равон, арӯси хонавода ба ҷабру ситами хушдоман тоб наоварда, сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Назари хушдоман ва ҳам наздикони келин маълум нест. Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва шавҳари арӯс ҳам иттилоъ дода нашудааст.

Бино ба навиштаи Вазорат, нисбати хушдоман бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои "ба худкушӣ расондан" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Дар давоми 3-4 соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 10 қазияи марги келину боздошти хушдоманҳо расонаӣ шудааст. Дар 7 ҳолат келинҳо дар хонаи шавҳар худкушӣ кардаанд ва дар марги онҳо хушдоманҳоро гунаҳкор дониста, аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ кардаанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки дар марги хушдоманҳо келини онҳо айбдор дониста шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷанҷоли хушдоману келин кай тамом мешавад?

Соли 2021 Зархол Мустонова, сокини Турсунзодаро барои “ба худкушӣ расонидан”-и арӯси хонавода маҳкум ба зиндон карданд. Келини ӯ ҳам бо сирко худкушӣ кард. Хушдоман пас аз се соли адои ҷазо, дар соли 2024 ба озодӣ баромад.

Соли 2021 дар ноҳияи Файзобод занеро бо айни ҳамин гуноҳ ҳафт сол зиндонӣ карданд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, дар бисёр хонаводаҳо қоидаи нонавиштаи бартарии хушдоман бар арӯс амал мекунад, ки ҳамсари писарро на ҳамчун узви комилҳуқуқи оила, балки як хидматгор мебинанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зани 54-сола барои "ба худкушӣ расонидан"-и келин 5 сол зиндонӣ шуд

Дар Тоҷикистон солҳои ахир сӯиқасд ба худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он, даст задаанд.

Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ дар кишвар нишон додааст, ки тақрибан 75 дарсади онҳое, ки касеро ба худкушӣ расондаанд, мардон мебошанд. 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медодаанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пажӯҳиш: Дар аксар ҳолатҳо мардон сабабгори худкушиҳо будаанд