Дар як соли ахир дар Қазоқистон шумораи рекордии шаҳрвандон барои пайвастан ба артиш ё қисмҳои низомии Русия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Хабарнигорони "Медиазона" ва тарҳи “Алвидоъ силоҳ" ё "Прошай, оружие"маълум кардаанд, ки соли равон нисбати 700 қазоқистони парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Онҳо бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Қазоқистон, барои зархаридӣ ва ширкат дар амалиёти ҷангии кишвари хориҷӣ айбдор мешаванд. Қонун барои зархаридӣ ва иштирок дар амалиётҳои ҷангии хориҷӣ аз 9 сол зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Ба навиштаи муҳаққиқон, шумори афроде, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, пас аз нашри тарҳи украинии "Хочу жить" зиёд шуд. Ин тарҳ шумора ва маълумоти тамоми зархаридонеро, ки дар Украина аз тарафи Русия меҷанганд, нашр карда буд.
Ба ин тартиб, соли 2024 дар Қазоқистон барои зархариди ва ширкат дар ҷанги бегона ҳамагӣ 170 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд ва соли 2025 ин омор ба 705 баробар шуд.
Қазоқистон расман дар мавриди ҳамлаи Русия ба Украина мавқеи бетарафонаро интихоб кардааст, вале мақомоти қудратии ин кишвар бар инанд, ки ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги бегона, барои амнияти миллӣ хатар дорад.
Зимнан, қонунҳои Тоҷикистон ҳам ширкати шаҳрвандон дар ҷангҳои бегонаро манъ мекунад, аммо то ҳанӯз ягон зодаи ин кишвар барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ягон иттилоъ намедиҳанд. Биноан, шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд.
Муаллифони ҳамин рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия медонанд.