Хабаргузории расмии Сурия гузориш дод, ки рӯзи 26 декабр дар пайи як таркиш дар масҷиди "Имом Алӣ" дар вилояти Ҳимс, дастикам 8 тан кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин таркиш ҳангоми намози ҷумъа замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон будааст.
Ин ҳодиса дар минтақае рух дод, ки бештари сокинони онро ақалиятҳои алавӣ ва шиаи Сурия ташкил медиҳанд.
Як мақоми амниятӣ дар Ҳимс, ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории "Франс пресс" гуфтааст, ки эҳтимолан маводи тарканда дар дохили масҷид ҷобаҷо шуда будааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Бритониё низ эълон кардааст, ки то ҳанӯз маълум нест ин рухдод ҳамлаи интиҳорӣ будааст ё дар натиҷаи таркиши маводи таркандаи аз пеш ҷобаҷошуда рух додааст.
Аксу видеоҳои нашршуда аз сӯи хабаргузории расмии Сурия хисороти густурдаи дохили масҷид, сӯрохи бузурге дар бахше аз девор, дуди сиёҳ дар дохили масҷид, фаршҳо ва китобҳои рӯи замин афтодаро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои арабӣ гузориш додаанд, ки як гурӯҳи мусаллаҳ ба номи "Катоиби ансори сунат" масъулияти ин таркишро ба ӯҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ, ки чанд пеш аз мавҷудияти худ хабар дод, гуфта буд, ки ҳадафи ҳамлаҳои онҳо "нобудии комили шиаиён ва алавиён дар Сурия, ё водор сохтани онҳо ба муҳоҷират ба кишварҳои дигар" аст.
Ин гурӯҳ ҳамчунин масъулияти таркиши калисое дар Димишқ дар чанд моҳи пешро ба ӯҳда гирифта буд. Дар ин таркиш дастикам 22 тан кушта шуданд.
Пас аз поёни қудрати Башор Асад, раисҷумҳури пешини Сурия дар поёни соли 2024, ки худ алавӣ буд, гузоришҳое аз одарабоӣ ва қатли аъзои ин ақалияти мазҳабӣ нашр шудааст.