Дар Тоҷикистон воридоти панелҳои офтобиро аз андоз озод карданд

Дар Тоҷикистон, ки сокинонаш аз норасоии барқ ранҷ мекашанд ва барои ҳалли ин мушкил роҳҳои гуногунро таҷриба мекунанд, воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз аз арзиши иловашуда, озод карданд.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки рӯзи 17 декабр порлумони Тоҷикистон қабул кард, барои овардани панелҳои отфобӣ то якуми январи соли 2031 боҷи гумрукӣ гирифта намешавад. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Кумитаи андоз хабар додааст.

Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, имтиёз бо ҳадафи ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон бо ин, тибқи Кодекси андоз ба заминҳое ҳам, ки дар он таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ истифода ва насб мешавад, сабукӣ дода мешавад. Яъне, соҳибони чунин заминҳо барои 5 сол аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.

Пешниҳоди имтиёз барои овардани панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинон кишвар дар фасли сармо ба камбуди шадиди барқ гирифторанд ва истифода аз нерӯи офтоб як роҳи халосӣ аз бебарқӣ дониста мешавад.

Вале ба гуфтаи сокинон, харидории панелҳои офтобӣ ва пайвасташавӣ ба нерӯи офтобӣ ҳоло хароҷоти зиёд дорад ва на ҳама имкони дастрасӣ ба онро доранд.

Ҳоло дар кишвар низоми ҳатмии насб кардани панелҳои офтобӣ дар бинову сохтмонҳои нав амал мекунад ва пеш аз ҳама ин талабот мактабу беморхона ва баландошёнаҳоро дар назар дорад.