Рӯзҳои 20-21-уми декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи ҷудо байни мардон доир гардид.
Дар мусобиқа беш аз 250 гуштигир аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ШНТМ) ва водии Рашт дар ҳафт вазн рақобат карданд.
Дунафарӣ гуштигирон аз Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ, инчунин якнафарӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.
Ба ғайр аз Меҳрзод Суфиев, паҳлавонони ҷавону умедбахш Абдуллои Ориф, Искандар Маҳмадхоҷазода, Абубакр Боқиев, Умар Расулов, Парвиз Абдураҳмонов ва Дадахон Қурбоналиев бори аввал ба унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон мушарраф шуданд.
Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Барои ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм ба ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон-2025 байни мардон:
Вазни -60 кг
1. Меҳрзод Суфиев (Суғд)
2. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Душанбе)
3. Рамзиддин Азизов (Душанбе)
3. Шокир Ғоибов (Хатлон)
Вазни -66 кг
1. Искандар Маҳмадхоҷазода (Рашт)
2. Сарвар Абдушукуров (Душанбе)
3. Орифҷон Додов (Душанбе)
3. Муллораҷаб Халифаев (Душанбе)
Вазни -73 кг
1. Абдуллои Ориф (Хатлон)
2. Масъуди Аҳмадзод (Душанбе)
3. Бинёмин Назиров (Душанбе)
3. Мусо Саъдуллоев (Душанбе)
Вазни -81 кг
1. Абубакр Боқиев (Душанбе)
2. Бахтиёр Бозоров (Душанбе)
3. Абубакр Шеров (ВМКБ)
3. Эҳсон Искандарзода (Суғд)
Вазни -90 кг
1. Умар Расулов (ШНТМ)
2. Музаммир Каримзода (Душанбе)
3. Тӯйчибек Шарипов (Душанбе)
3. Ёқубҷон Назиров (Душанбе)
Вазни -100 кг
1. Парвиз Абдураҳмонов (Душанбе)
2. Саидҷамол Алимардонов (Душанбе)
3. Абубакри Акобир (Душанбе)
3. Бахтовар Бобохонов (Душанбе)
Вазни +100 кг
1. Дадахон Қурбоналиев (ШНТМ)
2. Муҳаммадрасул Давлатов (Рашт)
3. Некрӯз Некбахтзода (Суғд)
3. Умар Муносибов (ВМКБ)