Гуфтугӯҳои ҷудогонаи дипломатӣ миёни намояндагони Амрико, Русия ва Украина барои ёфтани роҳе ҷиҳати поён додан ба ҷанги Украина идома дорад.
Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия дар умури хориҷӣ, гуфт, набояд интизори “пешрафти ҷиддӣ” буд. Изҳороти ӯ пас аз дувумин рӯзи гуфтугӯҳо миёни намояндагони Амрико ва Русия дар аёлати Флорида (21-уми декабр) садо дод.
Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, гуфтугӯҳое, ки тайи се рӯзи гузашта миёни мақомҳои амрикоӣ, аврупоӣ ва украинӣ дар Флорида бо ҳадафи поён додан ба даргирӣ дар Украина баргузор шуд, "самарабахш ва созанда" будааст.
Ушаков рӯзи якшанбе ҳамчунин бо ишора ба таътилоти Крисмас ё таҷлил аз Милоди Масеҳ дар Амрико гуфт, дар ин вақт "афроди зиёде машғули кор нестанд" ва ҳамин масъала эҳтимоли пешрафти сареъро коҳиш медиҳад.
Дар муқобил, мақомҳои украинӣ мавзеи эҳтиёткорона, аммо умедворонатаре рӯи даст гирифтанд. Рустам Умаров, раҳбари ҳайати музокиракунандаи Украина эълон кард, ки гуфтугӯҳо бо тими амрикоӣ идома хоҳад ёфт ва Украина ҳамчунон ба дунболи даст ёфтан ба натиҷаҳои амалӣ аст. Ӯ гуфт, ин музокирот "ба таври созанда" дар ҳоли анҷом аст.
Ихтилофи назарҳо дар бораи қолаби музокирот низ ҳамчунон бопарҷост. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз эҳтимоли гуфтугӯҳои сеҷониба миёни Амрико, Русия ва Украина сухан гуфта буд, аммо Ушаков изҳороти Зеленский дар ин бораро камаҳамият ҷилва дод.
Ӯ гуфт, "то ин лаҳза, то ҷое ки медонам, ҳеч кас ба таври ҷиддӣ ин ибтикорро баррасӣ накарда ва рӯи он кор намешавад" ва афзуд, намояндагони Русия фақат бо мақомҳои амрикоӣ гуфтугӯ мекунад.
Гуфта мешавад, Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико ва Ҷерад Кушнер, мушовиру домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА, намояндагии Амрикоро дар гуфтугӯҳои ҷорӣ бар ӯҳда доранд.
Доналд Трамп аз моҳи гузашта фишор бар Киевро барои пазириши пешниҳоди 27-бандии оғоз кард. Мунтақидон ин пешниҳодро ба нафъи Русия донистанд. Украина ва ҳомиёни аврупоияш барои ислоҳи ин тарҳ, ҳифозат аз манфиатҳои Украина дар бораи қаламрав ва замонатҳои амниятӣ барои Киев ва дигар масъалаҳо, даст ба кор шуданд ва тибқи гузоришҳо, акнун ин тарҳ ба 20 банд коҳиш ёфта, бештар манфиатҳои Киевро дар бар мегирад.
Бо ин ҳол, Ушаков гуфт, "мутмаинам пешниҳодҳое, ки аврупоиҳо ва украиниҳо ироа кардаанд ё дар талош барои ироаи он ҳастанд, қатъан санадро беҳбуд намебахшад ва имкони даст ёфтан ба сулҳи пойдорро афзоиш намедиҳад".
Дар умум, бо вуҷуди идомаи тамосҳо ва дидорҳои дипломатӣ, мавзеи эҳтиёткоронаи Маскав ва ихтилофи назарҳои асосӣ бар сари муҳтавои тарҳи сулҳ нишон медиҳад, ки масири поёни ҷанги Украина ҳамчунон печида ва душвор боқӣ мондааст.