Эътирози мухолифон дар Олмон аз қатли Қобилҷон, навраси 10-солаи тоҷик

Дар гирдиҳамоӣ теъдоде аз фарзандони пайравони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Гурӯҳе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар назди консулгарии Русия дар шаҳри Бонни Олмон ба нишони эътироз аз қатли навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав эътироз карданд.

Дар ин гирдиҳамоӣ даҳҳо нафар, аз ҷумла фарзандони мухолифон ҳузур доштанд. Дар дасти баъзеҳо акси Қобилҷон Алиев ва акси чанд тифли дигари тоҷик буд, ки дар гузашта дар Русия кушта шуда ва ё фавтидаанд. Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.

Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро наврасро теғ задааст ва тамоми ҷараёни ҳамлаашро ба навор гирифтааст. Қатли навраси тоҷик вокуниши зиёдеро дар ҷомеа барангехт ва сабаб шуд, ки мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури хориҷӣ ин қазияро бо ҳукумати Русия дар миён бигузоранд.

Дар видеоҳое, ки "Гурӯҳи 24", як ҳаракати мухолифи ҳукумат ва фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон аз маҳалли гирдиҳамоӣ нашр кард, аксҳои теъдоде аз сиёсатмадорону вакилони рус дида мешавад, ки бо баёнияҳову бадгӯиҳояшон дар бораи муҳоҷирон шинохта шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гирдиҳамоии мухолифони тоҷик ба нишон эътироз аз қатли Қобилҷон Алиев

Мухолифони тоҷик Александр Дугин, аз идеологҳои асосии Кремл, Сергей Миронов, вакили Думаи давлатӣ, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ ва Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русияро раҳбарону пешвоёни миллатгароёни рус номидаанд.

Зимни гирдиҳамоӣ раҳбарони "Гурӯҳи 24" бо қироати як баёния аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки Александр Бастрикин, Владимир Колоколтсев, Сергей Миронов, Леонид Слутский — раиси Ҳизби либерал-демократии Русия ва Александр Дугинро “барои барангехтани адовати байни миллатҳо ва таҳқири шаъну шарафи муҳоҷирон афроди номатлуб барои Тоҷикистон эълон карда ва ба кишвар роҳ надиҳанд”.

Дар ин баёния ҳамчунин аз ҳукумат хоста шудааст, ки сарбозони пойгоҳи низомии Русияро аз кишвар берун карда ва аслиҳаву зербунёдҳои пойгоҳро барои Тоҷикистон бигузоранд. Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз қаламрави Русия аст.

Зимни суханрониҳо, ҳамчунин тарафдорони мухолифин ҳукумати Тоҷикистонро танқид карданд, ки ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди муносибати бади Русия бо шаҳрвандони кишвар, беэҳтиромӣ ба Тоҷикистон ҳамкории наздик бо онро идома медиҳад.

Гирдиҳамоии мухолифони давлати Тоҷикистон дар наздикии консулгарии Русия дар Боннро теъдоди каме аз маъмурони пулиси Олмон назорат кардаанд. Ҳоло маълум нест, ки оё касе аз намояндагони консулгарии Русия ба назди тазоҳургарон омада ва сӯҳбат кардааст, ё не.