Ҳамлаи "Толибон" ба "махфигоҳ"-и ДОИШ дар Бадахшони Афғонистон

Нақшаи вилояти Бадахшони Афғонистон.

Як манбаъ дар ҳукумати "Толибон" даргирии ду шаб пеш дар вилояти Бадахшони Афғонистонро тасдиқ карда, гуфтааст, ки сарбозони онҳо бар як махфигоҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ё гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ҳамла карданд.

Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ин махфигоҳ ба касоне марбут буд, ки дар ҳамлаҳои охир бар шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон даст доштаанд.

Пеш аз ин, расонаҳои наздик ба "Толибон", аз ҷумла, "Ал-Мирсод" гузориш доданд, ки нерӯҳои "Толибон" шаби сешанбе амалиётеро алайҳи як махфигоҳи ДОИШ дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон анҷом доданд.

Маълум нест, амалиёт талафоте дар пай доштааст ё не.

Тасдиқи хабар аз манбаъҳои дигар номумкин аст.

Дар ҳамлаҳои рӯзҳои 26 ва 30 ноябр дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон панҷ коргари чинӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ки ин ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.

Пас аз ин ҳодиса, намояндаи Чин дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати "Толибон" хост, то гурӯҳҳои даҳшатафкан дар Афғонистон, аз ҷумла Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва Таҳрики Толибони Покистонро саркӯб кунад.

Гурӯҳи "Толибон" дар пайи ҳамлаи шоми 30 ноябр ба роҳсозони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, ду танро дар пайванд ба ин ҳодиса дар ноҳияи Моймайи Бадахшони Афғонистон боздошт кардаанд. Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки таҳқиқот дар ин бора оғоз шудааст.

Бо гузашти наздик ба як моҳ аз ин ҳамлаҳо, то кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти онҳоро ба дӯш нагирифтааст. "Толибон" ҳам ҳарчанд ваъда додаанд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, то кунун аз натиҷаҳои он хабаре нашр накардаанд.