Вазири тоҷик аз ҳамтои русаш хост, барои таъмини амнияти мактабхонҳо чора андешанд

Дар пайи вокунишҳои густурда ба қатли Қобилҷон Алиев, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам "ҳамлаи хусумати миллидошта" ба ин шаҳрванди Тоҷикистонро маҳкум кард.

Раҳим Саидзода, Вазири маорифи Тоҷикистон дар нома ба ҳамтои русаш навиштааст, "содир гардидани чунин ҷинояти ниҳоят мудҳиш дар мактаб боиси норозигӣ ва ташвиши амиқ гардида, метавонад ба ҳолати иҷтимоии кӯдакон, волидон ва омӯзгорон" таъсири бад расонад.

Вазири маорифи Тоҷикистон аз Русия хостааст, "барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз мансубияти миллӣ ва шаҳрвандӣ", чораҳои бештар андешанд.

Рӯзи 18-уми декабр Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон қатли навраси тоҷик Қобилҷон Алиевро дар заминаи бегонаситезӣ дар Маскав маҳкум карда, аз мақомоти Русия хост, онро одилона таҳқиқ кунанд ва ҳар касеро, ки дар ин ҷиноят нақш дошт, ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Расонаҳои давлатӣ гузориш доданд, ки Юсуф Раҳмон, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу ва сафири Русия дар Душанбе қатли Қобилҷон Алиевро дар миён гузошта, гуфтааст, ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеа нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овард.

Рӯзи 17-уми декабр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои дохилӣ аз Русия хостанд, ки қатли навраси тоҷикистонӣ пурра ва ҳаматарафа таҳқиқ шавад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар посухи умумӣ ба ин талаби Тоҷикистон танҳо ба хонаводаи навраси фавтида ҳамдардӣ карда гуфт, ҳодиса таҳқиқ мешавад.