Додгоҳи минтақаи Твери вилояти Маскав рӯзи 18-уми декабр Тимофей К, навраси муттаҳам ба қатли Қобилҷон Алиевро ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин муддат бояд парвандаи Тимофейи 15-сола тафтиш шавад.
Дар санаде, ки сомонаии додгоҳ пахш кард, дида мешавад, ки алайҳи Тимофей К. бар асоси қисми 2-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардаанд. Ин банди қонун дар бораи "куштори ноболиғ бар асоси нафрат ё душмании идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ" аст.
Қонунгузории Русия барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндон ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Тимофей, хонандаи синфи 9-ум буд ва рӯзи 16-уми декабр баъд аз куштани Қобилҷон Алиеви 10-сола дар мактаб боздошт шуд. Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки ин наврас дар аввалин бозпурсӣ ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, чанд вақти охир барои содир кардани ҷиноят омодагӣ медид.
Мақомоти Русия то ҳол нагуфтаанд, ки ангеза ё сабаби даст ба ин кор задани Тимофей чист.
Расонаҳои Русия аз қавли ҳамдарсони Тимофей навиштанд, ӯ аз як хонаводаи миёнҳол аст, бо баҳои севу чор мехонд, як соли охир аз дарсҳо мегурехт ва дар бораи миллатгароӣ гап мезад.
Қатли Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактаби ба номи Успенская дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав рӯй дод ва бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард.
Ҷасади Қобилҷонро рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда, дар канори падараш дар ноҳияи Шаҳринав дафн карданд.