Мусобиқаи бузургтарини сол қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-10-уми октябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2026 доир мегардад. Тибқи нақшаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ин мусобиқа, ки бори сеюм сурат мегирад, рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Тақвими мусобиқоти IJF World Tour миёни бузургсолон дар соли 2026 бо иштироки варзишгарони тоҷик:
7-8-уми феврал: Paris Grand Slam 2026, Париж (Фаронса)
27-уми феврал – 1-уми март: Tashkent Grand Slam 2026, Тошканд (Узбекистон)
20-22-юми март: Tbilisi Grand Slam 2026, Тбилиси (Гурҷистон)
1-3-юми май: Dushanbe Grand Slam 2026, Душанбе (Тоҷикистон)
8-10-уми май: Qazaqstan Barysy Grand Slam 2026, Остона (Қазоқистон)
11-12-уми июн: Сhina Asian Open 2026, Чин, ТВD
19-21-уми июн: Ulaanbaatar Grand Slam 2026, Уланбатор (Муғулистон)
26-28-уми июн: Qingdao Grand Prix 2026, Дзингдао (Чин)
11-12-уми июл: Taipei Asian Open 2026, Тайпей (Чин)
11-13-уми сентябр: Hangary Grand Slam 2026, Будапешт (Венгрия)
4-11-уми октябр: мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта), Боку (Озарбойҷон)
29-31-уми октябр: Abu Dhabi Grand Slam 2026, Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
13-15-уми ноябр: Zagreb Grand Prix 2026, Загреб (Хорватия)
5-6-уми декабр: Tokyo Grand Slam 2026, Токио (Ҷопон)
Дар соли 2025 дастовардҳои беҳтарини варзиши тоҷик дар риштаи ҷудо се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон моҳи июн дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон) мебошад.
Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 кило гирифт. Вай ба рақобат аз даври дуюм шуруъ карда, намояндаи Испанияро мағлуб намуд, дар ҳаштякфинал бар паҳлавони гурҷӣ дастболо шуд. Эмомалӣ дар чорякфинал муқобили намояндаи Қазоқистон пирӯз гардид.
Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар даври ниманиҳоӣ бо ҳамватани худ Обид Ҷебов рақобат карда, ғолиб омад. Вале Эмомалӣ дар финал барои медали тило аз Такеши Такеокаи ҷопонӣ мағлуб гашт.
Ба Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра ва 15 ҳазор евро тақдим гардид. Ин аввалин нишони нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад.
Паҳлавони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов, ки дар вазни 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Маҷористон, дар ҳаштякфинал варзишгари русиягӣ, дар чорякфинал қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абеи ҷопониро шикаст дод. Ҷебов, ки дар даври ниманиҳоӣ аз Эмомалӣ Нуралӣ мағлуб шуд, барои медали биринҷӣ бар Валиде Хяр аз Фаронса ғалаба кард. Обид бо медали биринҷӣ ва 8000 евро сарфароз гашт. Ин аввалин ҷоизаи ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон аст.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кило, ки ба сабқат аз даври дуюм пардохт, рақибашро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод. Темур дар даври дуюм бар намояндаи Австрия пирӯз шуда, дар чорякфинал гуштигири муғулро мағлуб кард, аммо дар даври ниманиҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ ноком шуд. Раҳимов барои медали биринҷӣ бар Ушанги Кокауро аз Озарбойҷон ғолиб омад. Ин нахустин медали Темур Раҳимов дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба шумор меравад.