Ҷасади Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик дар Русия, бомдоди панҷшанбе тавассути парвози Маскав-Душанбе ба Тоҷикистон оварда шуд.
Ӯ, ки қарор буд 17 декабр ҳамроҳи додар ва тағояш ба Тоҷикистон бармегашт, як рӯз қабл дар ҳамлаи як ноболиғ дар мактабе дар вилояти Маскав ҷон бохт.
Маросими ба хоксупории Қобилҷон Алиев 18 декабр дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав баргузор мешавад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, модари Қобилҷон Алиев ва чанде аз пайвандони ӯ барои дафни ин наврас ба Тоҷикистон омаданд.
Субҳи 18 декабр шуморе аз наздикони Қобилҷон Алиев барои гирифтани ҷасад ба фурудгоҳи Душанбе рафта буданд. Онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд. Дар яке аз баромадгоҳҳои фурудгоҳ, ки маъмулан тобутҳоро аз онҷо берун меоранд, кормандони зиёди мақомоти интизомӣ ҳузур доштанд.
Гурӯҳе аз хабарнигорон барои инъикоси ин мавзӯъ ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд, аммо намояндагони фурудгоҳ, бахусус кормандони бахши амнияти он дар оғоз иҷоза надоданд, ки хабарнигорон лаҳзаи баровардани ҷасадро сабт кунанд.
Намояндагони фурудгоҳ бархе хабарнигоронро маҷбур карданд, ки наворҳои гирифтаашонро тоза намоянд. Вокуниши намояндагони фурудгоҳ ба ин вазъ феълан маълум нест ва рӯшан нест, ки чаро онҳо монеи кори хабарнигорон шуданд.
Пас аз соати 5:30, ки замони фуруди ҳавопаймои ҳомили ҷасади Қобилҷон Алиев буд, ба хабарнигорон ва ҳозирин гуфтанд, ки парвоз ба таъхир афтодааст ва ҳавопаймо соати 8 меояд.
Баъдан гуфта шуд, ки ҷасад тавассути дарвозаи дигар бароварда шудааст. Яке аз кормандони интизомӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "истодани шумо инҷо беҳуда аст, ҷасадро аз дарвозаи 16 бароварданд".
Хабарнигорон сипас бо наздикони хонаводаи Қобилҷон Алиев дар тамос шуданд ва маълум шуд, ки ҷасад дар роҳ ба сӯи Шаҳринав аст.
Интиқоли ҷасади Қобилҷон Алиев аз Русия ба Тоҷикистон
Дар назар аст, ки маросими видоъ бо Қобилҷон Алиеви 10-сола имрӯз дар зодгоҳаш ноҳияи Шаҳринав баргузор шавад. Ин наврасро канори падараш ба хок месупоранд. Падари ин наврас низомӣ буд ва се сол пеш бар асари беморӣ даргузаштааст.
Рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав навраси 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев кушта шуд.
Марги ин наврас вокунишҳои густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте заминаи кушторро бегонаситезӣ номида, гуфт, дар пайванд ба ҳодиса сафири Русияро дар Душанбе даъват карданд ва ба ӯ нота ё ёддошт супурданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки вазир Рамазон Раҳимзода дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев талаб кардааст, ки "сабабу омилҳои ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад".
Бори аввал нест, ки наврасони тоҷик дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд.