Наврасе, ки рӯзи 16-уми декабр хонандаи мактаб аз Тоҷикистонро дар вилояти Маскав кушт, аввалин нишондоди худро ба тафтишот додааст.
Нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия навиштааст, навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.
Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, баъди содир шудани ҷиноят дар мактаб маводи тарканда пайдо кардаанд.
Ҷузъиёти бештар аз бозпурсии навраси боздоштшуда, ки дар синфи 9 таҳсил мекард, нашр нашудааст.
Бино бар маромномае, ки ӯ ба ҳамсинфонаш фиристодааст, пайрави нажодпарастон буда, марги мусулмонон, яҳудиён, зиддифашистон ва либералҳоро шиори худ номидааст.
Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, бозпурсӣ ва тафтиши парванда идома дошта, дар манзили навраси дастгиршуда кофтукоб гузаронданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-сола кушта шуд. Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово ворид шуда, аввал посбон ва сипас як наврасро теғ задааст.
Навраси кушташуда Қобилҷон ном дошта, тоҷик будааст. Модари ӯ дар ҳамин мактаб фаррош будааст. Яке аз ҳамсоягони ин оила ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан пас аз марги шавҳараш ду фарзандро ба танҳоӣ бузург мекард.
Ин ҳодиса вокунишҳои густурдаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ҳеч вокунише накардаанд.
Ин аввалин маротиба нест, ки наврасони тоҷик дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд.