Сӯҳроб Нуралӣ ба ҷойи Шоҳин Самадӣ сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти кории Шоҳин Самадӣ охири ин ҳафта ба поён мерасад.
Ба гузориши оҷонси “Азия-Плюс” аз 16-уми декабр, корро ба ҳайси муовини дабири кулли котиботи қолаби "Осиёи Миёна-Чин" идома медиҳад. Ин ниҳод баҳори имсол таъсис ёфт ва қароргоҳи он дар Чин мебошад.
Самадӣ се сол пеш сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Аз он қабл дар котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ва Беларус фаъолият дошт.
Сӯҳроб Нуралӣ, сардори нави Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, то ин дам дар намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ кор мекард.
Ин созмони минтақаӣ бо ибтикори Эрону Покистон ва Туркия ташкил шуда, Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон узви он мебошанд. Қароргоҳи созмон дар Теҳрон аст.
Cуҳроб Нуралӣ аз он пеш дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Белгия ва Русия кор кардааст.